Пайвандҳои дастрасӣ

Муборак - таҳрикдиҳандаи куштори эътирозгарон унвон шуд


Айбдоркунандаи давлатии додгоҳи президенти собиқи Миср мегӯяд, ки Ҳусни Муборак, раиси амнияти ӯ ва шаш афсари баландпояи полис таҳрикдиҳандаи воқеии куштори беш аз 800 эътирозгар буданд, ки соли гузашта режими Муборакро сарнагун карданд. Муборак ва ҳафт нафари дигаре, ки дар куштори мардум муттаҳам мешаванд, дар сурати собит шудани гуноҳашон дар додгоҳ, эҳтимолан ба ҳукми марг маҳкум мешаванд. Айбдоркунандаи калон Мустафо Сулаймон гуфт, ки айбдоршавандаҳо сиёсати тирборони мардумро ба кор бурдаанд. Вай инчунин гуфт, ки муфаттишон бояд таҳқиқоти худро шурӯъ карда, баёноти садҳо шоҳидон, табибон ва ходимони полисро дар ин замина бишнаванд.
XS
SM
MD
LG