Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ин вазъ сокинони ин рустоҳоро ба шиддат нигарон ва карда ва онҳо ба таҳлука афтодаанд. Ҳарчанд дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст, аммо хонаҳои мардум қисман осеб дида ва корношоям шудаанд.

Хабари ларзиши замин дар бархе аз рустоҳои ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ба Озодӣ аз сӯи як тан аз шунавандаи радио дар ин минтақа расид.

Намое аз Сағирдашт (акс аз бойгонӣ)

Намое аз Сағирдашт (акс аз бойгонӣ)

Дар сӯҳбати телефоние, ки бо вай анҷом шуд, дар воқеъ маълум гардид, ки як ҳафта боз замин дар рустои Камчак ва бархе дигар аз деҳаҳои ин минтақа меҷунбад.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатамон, ларзиши замин одатан шабона ҳангоми хоби мардум сурат мегирад ва ин амр мардумро ба таҳлука овардааст.

Муқим Расулов, сокини рустои Камчак ва намояндаи маҷлиси маҳалӣ зимни таъйиди ин хабар гуфт, «хабар ҳамин, ки аз 29 декабри соли 2011 то имрӯз 17-18 маротиба замин ҷунбидааст. Яке взрив мешавад, хонаҳо ба ларза меоянд. Садо мебарояд, баъд хонаҳо меларзад. Ҳар хел меҷунбад, шаб соати 12 ва 20 дақиқа боз соати 4 саҳар, боз соати 9 саҳар меҷунбад. Бештар дар чор қишлоқи ҷамоати Сағирдашт меҷунбад.»

Бо ин ҳам ба таъкиди Муқим Расулов, дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо вай гуфт, ки аксарияти хонаҳои мардум кафида ва корношоям шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди бархе аз сокинони ҷамоати Сағирдашт, вазъи мавҷуд мояи нигаронии амиқи онҳо шудааст. Як тан аз ин сокинон, ки нахост номаш ифшо шавад, афзуд, «шабе аст, ки то панҷ ва шаш бор замин меҷунбад. Яку дубори аввал сахт ва баъдан камтар Сағирдашт (акс аз бойгонӣ)

Сағирдашт (акс аз бойгонӣ)

меларзад. Ду-се хоҷагӣ дар як хона ҷамъ мешаванд ва шаб хобам намераванд. Чун мардум воқеан дар ташвишанд. Мардум дар таҳлукаанд, бисёриҳо касал шуданд ва асароти равонӣ ба онҳо расидааст. Лоақал маълум мекарданд, ки ин чӣ аст. Ин таҳлукаро ба вуҷуд овардааст.»

Масъулони ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз низ ин ҳодисаро тасдиқ карданд ва ба эҳтимоли зиёд сабаби ин ҳодисаро ба мавҷуд будани кони карбит ва ё карбамит дар ин минтақа марбут донистанд. Анваршо Давлатов, раиси ҷамоати Сағирдашт дар ин бора гуфт, «ин албатта ҳодисаи табиат аст ва мегӯянд, ки кони карбит ва карбамит аст, ки пухта расидааст ва ин сабаби ҷунбидани замин шудааст.»

Ба таъкиди раиси ҷамоати Сағирдашт, ҳайате аз масъулони ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ва мутахассисон ба минтақа ташриф овардаанд ва рӯзҳои наздик сабаби аслии ин ҳодисаро муайян хоҳанд кард.

Аммо Давлатбек Раҳмонов, муовини аввали Саридораи геологияи тоҷик ё «Тоҷикгеология» бар ин назар аст, ки вуқӯъи ин ҳодиса ҳеҷ рабте ба сарватҳои зеризаминӣ нахоҳад дошт.

Чун ба таъкиди вай, агар дар ин минтақа сарватҳои зеризаминӣ мавриди коркард қарор мегирифт, дар он сурат вуқуи ҳодисае имкон дошт. Ба бовари ҷаноби Раҳмонов, ҳаракати замин ё ба истилоҳ ҳаракатҳои тектоникӣ муҷиби заминҷунбӣ дар Сағирдашти Дарвоз шуда бошад, «ин аз ҳисоби таркишҳои замин аст. Чунки аз Вахш сар карда депрессия ё пастхамӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон сар мешавад ва ба Қарақуми Мурғоб мебарояд. Ин як разломи калонтарин аст. Ҳамин хел замин дар ҳаракат аст. Ана аз ҳисоби ҳаракати замин ва ҳаракатҳои тектоникӣ мегӯянд, имкони вуқӯи ин кор ҳаст.»

Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди Давлатбек Раҳмонов, муовини раиси «Геологияи тоҷик», заминларзае, ки соли гузашта дар ноҳияи Ванҷ иттифоқ афтод низ самараи ҳаракатҳои тектоникии замин аст.

Бо он, ки ҳанӯз сабаби аслии ҳодисаи заминҷунбӣ дар минтақаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз мушаххас нашудааст, аммо масъулони ҳукумати ин ноҳия гуфтаанд, ки дар сурати иттифоқ афтодани ҳар гуна ҳодисаи нохуш, онҳо омода ҳастанд, то ба мардум кӯмак кунанд.

Хуршед Бегов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Дарвоз дар сӯҳбати телефонӣ ба РО дар ин бора гуфт, «мо ба ҳама чиз тайёрем. Ба қадри имкон ҳама чиз Маркази ноҳияи Дарвоз (акс аз бойгонӣ)

Маркази ноҳияи Дарвоз (акс аз бойгонӣ)

дорем. Сӯзишворӣ ҳам ҳаст, палатка ҳам дорем. Маводи ғизоӣ ҳам ҳаст. Печка ҳам, либоса ҳам. Албатта офат аст, мо бо мардум кор карда истодаем.»

Аммо сокинони минтақаи Сағирдашт аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки чаро масъулон ва ниҳодҳои марбута танҳо пас аз як ҳафтаи вуқӯи ин ҳодиса даст ба иқдом задаанд.

Масъулони ноҳияи Дарвоз дар посух ба ин нигаронии мардум мегӯянд, ки бо таваҷҷӯҳ ба барфи зиёд ва баста будани роҳҳо ба минтақаи кӯҳистонии Сағирдашт, дастрасӣ ба ин ҷамоат мушкил будааст.

Зимнан, Сағирдашт дар 250 километрии шаҳри Душанбе дар минтақаи кӯҳистонии вилояти Бадахшон воқеъ аст, ки дорои ҳудуди 6 ҳазор ҷамъият мебошад. Ҷамоати деҳоти Сағирдашт аз 19 русто иборат аст ва ба гуфтаи масъулон, дар шаш рустои он заминларза мушоҳида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG