Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ шурӯъ шуд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо судури чанд фармон дар сохторҳои ҳукумати кишвар, ғолибан дар миёни раҳбарони шаҳру навоҳии вилояти Суғд тағйирот ҷорӣ кард. Аз ҷумла, раисони ноҳияи Спитамен (Зулфия Узоқова), шаҳри Исфара (Субҳон Ашӯров), шаҳрдори Чкалов (Шавкат Бобоев), раиси ноҳияи Ашт (Абдуҷамил Сатторов) бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа сабукдӯш шуданд. Инчунин, бар тибқи итилои сайти расмии президенти Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди ҳукумати кишвар Ҳайбулло Латипов аз ин вазифа сабукдӯш шуда, ба мақоми муовини дабири кулли Созмони амнияти дастаҷамъӣ таъин шуд.
XS
SM
MD
LG