Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хостори анҷоми озмоишҳои бештари низомӣ дар Халиҷ аст


Вазири дифои Эрон Аҳмад Воҳидӣ гуфт, кишвараш мехоҳад баъди хатми озмоишҳои даҳрӯзаи низомӣ дар Халиҷ машқҳои бештар баргузор кунад. Вай гуфтааст, ки дар ояндаи наздик “баргузории манёврҳои бештар” дар назар аст. Воҳидӣ гуфтааст, ки Эрон ҳама корро хоҳад кард, ки амнияти гулӯгоҳи Ҳурмуз, яке за муҳимтарин роҳҳои байналмилалии интиқоли нафт, ҳифз шавад. Вай гуфт, ки ҳузури нирӯҳои беруна дар Халиҷ ҳеҷ зарур нест ва хатарнок аст. Дирӯз фармондеҳи артиши Эрон гуфт, ки дар сурати истиқрори дубораи киштии ҳавопаймобари амрикоӣ дар Халиҷ, Теҳрон аз иқдом кор хоҳад гирифт. Кохи Сафед бо пахши изҳороте гуфт, ки таҳдидҳои Эрон баёнгари заъиф будани мавқеи Теҳрон аст ва Амрико аз барномаи истиқрори киштиҳои ҷангиаш дар ин минтақа даст кашиданӣ нест.
XS
SM
MD
LG