Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкоршавии гӯри дастаҷамъие дар Балхи Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки гӯри дастаҷамъиеро дар шимоли кишвар пайдо карданд, ки дар дохили он осори дасти кам 10 ҷасади инсон ошкор шудааст. Нишонаҳои косахонаи сари инсон ҳангоми заминкании сохтмончиён дар маҳалли як қароргоҳи артиш дар вулусволии Деҳдодии вилояти Балх ошкор шуд. Муҳаммад Наҳим, сухангӯи артиши Афғонистон дар шимоли кишвар гуфт, ки аз дохили гӯр аз 10 то 15 адад скелет ё устухонбанди инсон берун кашида шуд. Оқои Наҳим гуфт, ки барои таҳқиқи ин устухонҳо гурӯҳи махсуси пизишкон ва ҳам фаъолони ҳуқуқи башар сафарбар шудаанд. Эҳтимол меравад, ки ин афрод дар солҳои 1990-уми ҷанги дохилии Афғонистн кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG