Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлия Тимошенко дар зиндон "дар шароити ғайрибашарӣ" нигоҳдорӣ мешавад


Мақомоти зиндони Украина гуфтанд, ки собиқ нахуствазири ин кишвар Юлия Тимошенко дар утоқи зиндон таҳти назорати 24-соатаи дастгоҳи наворбардорӣ ва бо чароғи ҳамешарӯшан нигаҳдорӣ мешавад. Иван Первушкин, раиси зиндони шаҳри Харков, ки дар он аз рӯзи 30 декабр Юлия Тимошенко нигаҳдорӣ мешавад, дар ин бора дар баробари хабарнигорон чунин гуфт:

- Назорати видеоӣ манъ нашудааст. Рӯшании комил таъмин мешавад, то ки имкони назорати ҳамешагии видеоӣ таъмин шавад.

Вакили дифои Тимошенко ин тасмими мақомотро чун шароити ғайрибашарӣ интиқод кард ва гуфт, ки чароғи ҳамешрӯшан ба таври мустақим дар болои сари зиндонӣ фурӯзон аст ва хоби ӯро халалдор месозад. Власенко гуфт, ки дар ин замина ба Кумитаи ҷилавгирӣ аз шиканҷаи Шӯрои Аврупо шикоят хоҳад кард. Тимошенко соли 2011 барои берун рафтан аз салоҳиятҳои корӣ ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд, вале дар ИМА ва Аврупо ин ҳодисаро чун дорои ангезаҳои сиёсӣ ва қасдгирии рақибони сиёсиаш маҳкум мекунанд.
XS
SM
MD
LG