Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ифтитоҳи дафтари Толибон дар Қатарро пуштибонӣ мекунад


ИМА гуфт, ки талошҳои дастёбии сулҳ бо Толибон ва имконияти таъсиси дафтари сиёсии ин ҷумбиш дар Қатарро пуштибонӣ мекунад. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, ки ИМА аз ин ташаббус ҷонибдорӣ мекунад, ба шарте, ки музокираҳо бо хатми ҷанги Афғонистон анҷоманд.

"Мо дар бораи ҳеҷ як тасмими расмӣ огоҳ нестем ва ҳеҷ огаҳии расмие дар заминаи ифтитоҳи дафтари Толибони Афғонистон дар Қатар дарёфт накардем. Вале мо омода ҳастем ҷараёнеро, ки ба пуштибонии Афғонистон равона шудааст, дастгирӣ кунем. Масъалаи ҳама гуна намояндагӣ мавзӯи баҳс барои давлати мизбон, афғонҳо ва Толибони Афғонистон аст”.

Изҳороти Нуланд дар паи он садо дод, ки Толибони Афғонистон гуфтанд, ба тавофуқи муқаддамотӣ даст ёфтанд, ки дафтари сиёсии худро дар Қатар ифтитоҳ кунанд ва дар ҷавоб аз ИМА тақозо карданд, ки Толибони зиндонӣ дар Гуантанаморо озод кунанд.
XS
SM
MD
LG