Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА таҳримҳои зидди Беларусро шадидтар кард


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама бо имзои қонуни нав таҳримҳои зидди режими Беларусро дар посух ба саркӯби эътирозҳои баъди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии соли 2010 шадидтар кард. Паймони пуштибонӣ аз демократия ва ҳуқуқи башари Беларус аз соли 2011 рӯйхати мақомоти расмии ин кишварро тамдид кардааст, ки нисбаташон таҳрими гирифтани визаи амрикоӣ ва дигар тадбирҳои молӣ ҷорӣ мешавад. Инчунин ин санад тақозо мекунад, ки вазорати хориҷаи Амрико ба Конгресс дар заминаи тиҷорати силоҳ дар Беларус ва сонсури Интернет гузориш дода, аз Федератсияи байналмилалии ҳоккей даъват мекунад, ки баргузории ин сабқати байналмилалро дар Минк соли 2014 манъ кунад. Қонуни мазкур, ки таҳримҳои соли 2004 ва 2006-и Амрикоро такмил мекунад, мегӯяд, ки сиёсати ИМА баргузории интихоботи нави президентиву парлумониро дар шароити озоду шаффоф пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG