Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии нахустини Мит Ромни дар корзори интихоботии ҳизби ҷумҳурихоҳ


Собиқ волии Массачусетсч Мит Ромни имрӯз барандаи рақобати интихоботӣ дар миёни номзадҳо аз ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар аёлати Айоваи Амрико шуд. Вай дар ин сабқат бо ҳашт овози бештар аз Рик Санторум гузашт. Ин нахустин пирӯзии Ромни дар рақобатҳои интихоботии аёлат ба аёлат маҳсуб мешавад, ки чун оғози хубе дар пешорӯи корзори тӯлонии интихоботӣ арзёбӣ мешавад. Рӯзи панҷшанбе рақобати баъдии интихоботӣ дар аёлати Нию Ҳемпшир баргузор мешавад, ки дар он ҷо ҳам, тибқи назарсанҷиҳо, мавқеи ӯ, назар ба номзадҳои дигари ҳизби ҷумҳурихоҳ беҳтар будаанд.
XS
SM
MD
LG