Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди вазири хориҷаи Туркия аз Эрон


Имрӯз зимни боздид аз Теҳрон вазири хориҷаи Туркия қарор аст бо мақомоти Эрон барномаи баҳсбарангези ҳастаиро баррасӣ кунад. Вазорати хориҷа гуфт, ки Аҳмад Давлатоғлу қарор аст дар ин сафар бо ҳамтои эрониаш Алиакбари Солеҳӣ музокира карда, дар баробари масъалаи барномаи ҳастаӣ, инчунин таҳаввулоти ахири Ироқу Сурияро матраҳ кунад. Вазорат гуфт, ки сафари мазкур бахше аз мулоқоти маъмулии миёни вазоратҳои хориҷаи ду кишвар аст, ки соле ду маротиба сурат мегирад. Вале ин мулоқот дар шароите баргузор мешавад, таниши миёни Ғарбу Эрон бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ то рафт афзун мешавад.
XS
SM
MD
LG