Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Сафармад Рустамовро дар сӯиқасд ба ҷони Қурбон Чолов айбдор донист.

Бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон Сафармад Рустамов, раҳбари шӯъбаи "Ориёнбонк" дар ноҳияи Муъминобод ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳ Сафармад Рустмовро ба изофаи даст доштан дар ташкили суиқасд, инчунин дар нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ низ айбдор донистааст. Бар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ, дороиҳои ин соҳибкор низ мусодира хоҳанд шуд. Аммо бар асоси Қонуни афв, аз чаҳор як ҳиссаи ҳукми зиндони ҷаноби Рустамов кам карда шуд.

Додраси мурофиа мегӯяд, ки дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи Рустамов рӯшан шудааст, ки моҳи апрели соли 2000 наздикони фармондеҳи Фронти халқӣ Қурбон Чолов «кафе»-еро, ки марбут ба хонаводаи Рустамов буд, оташ задаанд. Ва дар посух ба ин иқдом, Рустамов бо мақсади интиқомгирӣ бо ҳамроҳони худ нақшаи қатли Чоловро тарҳрезӣ кардааст.

Ба ин манзур, моҳи майи соли 2000 аъзои гуруҳи Рустамов, ки бо автоматҳои Калашников, пулемёт ва мушакандоз мусаллаҳ буданд, ба худрави Чолов ҳамла карданд, ки дар натиҷа ду нафар аз ҳамроҳони Қурбон Чолов ҷароҳат бардоштанд.

Аммо суол ин аст, ки маҳкумшуда ба ин ҳукм чӣ назар дорад ва оё ҳозир ба шикоят аз болои он ҳаст?

Вакилони дифои Сафармад Рустамов мегӯянд, бо ин ҳукм розӣ нестанд. Аммо бо вуҷуди гузашти наздик ба як моҳ аз содир шудани ҳукми Додгоҳи олӣ, натавонистаанд зерҳимояи худро дар боздоштгоҳ мулоқот кунанд. Ва ҳамчунин дар ин муддат ҳукми додгоҳ дар ихтиёри онҳо қарор нагирифтааст. Ва ба ин далел натавонистаанд аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят кунанд.

Хуршед Мирзоев, вакили дифои Сафармад Рустамов бо вуҷуди муроҷиат то кунун нусхаи ҳукми Доддгоҳи олиро дарёфт накардааст: «Ман ба раискунада пешниҳод кардам, ки нусхаи ҳукми додгоҳро ба ман бидиҳанд, вале то кунун ба ман ин ҳукмро надодаанд. Ҳоло ман такроран ба раиси Додгоҳи олӣ муроҷиат мекунам, ки чаро то ҳол ин ҳукмро ба ман надодаанд? Мувофиқи муқаррарот бояд, ки раискунда маро иҷоза медод, ки бо зерҳимояи худам дар маҳбас мулоқот мекардам, ҳоло то кунун иҷозаи мулоқот нагирифтаем.»

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, дар зарфи панҷ шабонарӯз баъд аз эълони ҳукм, бояд нусхаи ҳукм дар ихтиёри маҳкумшуда ё сафедшуда қарор бигирад ва дар зарфи даҳ рӯз бояд шикоят оварда шавад. Дар чунин сурат, агар дар воқеъ аз рӯзи эълони ҳукм, ки бештар аз се ҳафта сипарӣ мешавад, то кунун шикоят сурат нагирифта бошад, пас ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, вакилони дифоъ имкони овардани шикояти мустақилро аз даст додаанд.

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик

Абдуқаюм Юсупов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд: «Агар дар воқеъ ҳукм дар се ҳафтаи пеш содир шуда бошад ва то кунун шикоят сурат нагирифта бошад, пас вакилони дифои Рустамов муҳлати шикоятро аз даст додаанд, ки сабаби узрнок буда наметавонад. Танҳо ба онҳо имкони шикоят овардан аз номи худи Рустамов боқӣ мемонад. Вале онҳо ин назокатҳоро медоданд ва фикр мекунам, ақалан бояд шикояти пешакӣ оварда бошанд.»

Аммо яке аз наздикони Сафармад Рустамов гуфт, ки худи маҳкумшуда даъвои шикоят аз болои ҳукми додгоҳро надорад.

Қаблан додгоҳ чанд нафари дигар, аз ҷумла бародари Сафармад Рустамовро барои суиқасд ба ҷони Қурбони Чолов маҳкум карда буд.

Сафармад Рустамов тобистони соли гузашта аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуд. Он вақт сарусадоҳое пайдо шуд, ки Рустамовро ба далели ташкили беназмиҳо дар ҷараёни бозии футбол миёни дастаҳои «Равшан» ва «Истиқол» дастгир кардаанд. Аммо ин фарзия баъдан аз сӯи мақомот рад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG