Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди Эрон ба Амрико -- аломати тарс ё қудратнамоӣ?


Киштии ҳавопаймобари Амрико дар Халиҷи Форс

Киштии ҳавопаймобари Амрико дар Халиҷи Форс

Вазорати дифои Амрико эълом кард, ҳузури низомии ин кишвар дар минтақаи Халиҷи Форс чун гузашта идома хоҳад дошт.

Сухангӯи вазорати дифои Амрико рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард: «Ҳузури неруҳои Амрико дар минтақаи Халиҷи Форс мутобиқ ба қавонини байналмилалӣ аст ва ҳаммонанди солҳои гузашта идома хоҳад дошт.»

Вай гуфтааст, ки ҳеҷ кас дар давлати Амрико ба дунболи даргирӣ дар гулугоҳи Ҳурмуз нест.

Атоуллоҳ Солеҳӣ, фармондеҳи кулли артиши Эрон рӯзи сешанбе зимни як нишасти матбуотӣ ба киштии ҳавопаймобари Амрико, ки ба сабаби размоиши дарёии Эрон Халиҷи Форсро муваққатан тарк карда буд ҳушдор дод, ки «ба Халиҷи Форс боз нагардад.»

Ин фармондеҳи артиш ҳамчунин таҳдид кард, ки Эрон «ёддошт»- худро дар ин бора дигар такрор нахоҳад кард.

Амрико пештар эълон карда буд, ки киштии ҳавопаймобари Амрико ҳафтаи гузашта бо убур аз тангии Ҳурмуз, минтақаро тарк кардааст.


Дар ҳамин замина сухангӯи Кохи Сафед рӯзи сешанбе таҳдидҳои нави Эронро рад карда гуфтааст, ин таҳдидҳо нишонаи «заъф»-и Эрон аст: «Ин охирин даври таҳдидҳои Эрон аст ва таъйиди ин аст, ки Эрон ба далели иҷро накардани ӯҳдадориҳои байналмилалиаш, ба шиддат таҳти фишор аст.

Фармондеҳи кулли артиши Эрон дар охирин рӯзи размоиши дарёии ин кишвар дар Халиҷи Форс гуфта буд: «Ба киштии ҳавопаймобари амрикоӣ, ки аз тангаи Ҳурмуз хориҷ шуда ва ба дарёи Уммон омадааст, таъкид ва тавсия мекунем, ба Халиҷи Форс бознагардад."

Ин мақоми эронӣ дар ҳоле нерӯҳои дарёии Амрикоро таҳдид кардааст, ки дар ҳафтаҳои ахир дигар мақомҳои эронӣ низ таҳдид кардаанд, дар сурате, ки содироти нафти Эрон ҳадафи таҳримҳои байналмилалӣ қарор гирад, ин кишвар бо бастани тангаи Ҳурмуз монеи интиқоли нафти ин минтақа ба бозорҳои ҷаҳонӣ хоҳад шуд.

Дар вокуниш ба ин таҳдидҳо, новгони панҷуми Амрико, ки дар Баҳрайн мустақар аст, эълом кард, ки иҷоза нахоҳад дод Эрон дар роҳи тиҷорати озод аз роҳи гулугоҳи Ҳурмуз мушкилот эҷод кунад.

Гулӯгоҳи Ҳурмуз маҳали интиқоли ҳудуди 20 дарсад аз нафти содиротии ҷаҳон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG