Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико мегӯяд, таҳдидҳои Эрон таъсири таҳримҳост


Амрико мегӯяд, таҳдидҳои Эрон дар бораи даст задан ба амалиёти низомӣ нишонаи он аст, ки Эрон беш аз пеш дар муҳосираи байналмиллалӣ қарор мегирад. Эрон гуфтааст, агар Амрико киштиҳои низомии худро ба халиҷи Форс фиристад, даст ба амалиёти низомӣ хоҳад зад. Хонум Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико ҳамчунин гуфт, ки ин гуна таҳдидҳои Эрон аз мушкилиҳои дохилаш низ гувоҳӣ медиҳад. Таҳлилгарон мегӯянд, таҳримҳои молӣ бар зидди Эрон дар иқтисоди ин кишвар асар гузоштааст.
XS
SM
MD
LG