Пайвандҳои дастрасӣ

Соли 2011 дар ҳамлаҳо 35 корманди СММ кушта шудаанд


Дар чанд ҳамлаи террористии соли 2011 кормандони СММ ҳадафи аслӣ қарор гирифтаанд. Шумораи кормандоне, ки дар ҳамлаҳо кушта шудаанд, нисбат ба соли 2010 ду баробар бештар будаанд. Дар эъломияе, ки СММ мунташир сохт, омадааст, ки дар давоми соли 2011 35 корманди СММ кушта шудаанд. 25 нафари онҳо ғайринизомӣ будаанд. 9 нафар посдорони сулҳ ва як мушовири низомӣ дар чунин ҳамлаҳо ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG