Пайвандҳои дастрасӣ

Дар остонаи Соли Нав дар вилояти Суғд 3 мард худро овехтанд


Бино ба хабари “Азия-Плюс”, дар остонаи Соли Нав дар вилояти Суғд 3 нафар худкушӣ кардаанд. Ҳамаи онҳо мардон будаанд. Сокини 51 солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дорои се фарзанд дар хонааш худро овехтааст. Дар ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Конибодом низ як марди 49 сола соҳиби 4 фарзанд дар хонааш худро овехтааст. Сокини ҷамоати Пашкенти Истаравшан дар ҷои кораш худро овехтааст. Дар бораи сабабҳои куштор хабар дода намешавад.
XS
SM
MD
LG