Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон имрӯз ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар саросари Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст.

Дар шаҳри Душанбе борон меборад, ҳаво рӯзона 3-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хуҷанду Қурғонтеппа низ бориши борон пешбинӣ шудааст. Ҳаво рӯзона 6-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Кӯлоб низ борон меборад ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хоруғ дар нимаи дуввуми рӯз борон шурӯъ мешавад ва тадриҷан ба барф табдил меёбад. Рӯзона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм хоҳад буд, вале шабона сардии ҳаво ба 9 дараҷаи поини сифр хоҳад расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG