Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қирғизистон аз соли нав фаъолияти казиноҳо ва марказҳои бозиҳои автоматӣ бар асоси қонун манъ шуд.

Ин қонун ҳанӯз моҳи сентябр бо талаби мардум тасвиб шуда буд. Аммо ба бовари маҳофил, гумон аст, ки ин марокизи тафреҳӣ ва саргармкунанда ба осонӣ тарки майдон кунанд ва ғолибан ба сурати зеризаминӣ ба фаъолият идома хоҳанд дод.

Масъалаи казиноҳову бозиҳои автоматӣ ва гирифтори қиморбозӣ шудани шумори афзояндаи мардум, бахусус ҷавонон, дар Тоҷикистон низ хеле доғ аст. Афроде ҳам ҳаст, ки тамоми дороии худро ба қимор мезананд.

ҚИМОР КАСРО БА КОМИ ХУД МЕКАШАД

Азамат баъд аз чанд бохташ дар қимори натиҷаҳои бозиҳои футбол, ки қариб 100 доллари ӯро аз кисааш рабуд ва ин барои як донишҷӯ маблағи андаке нест, аз назди чунин марказҳо бошитоб мегузарад, ки мабодо дар дилаш боз ҳаваси бозӣ ҷӯш занад ва ӯро дигарбора дар раҳу растаи қимор биандозад.

Азамат мегӯяд: “Дар 2-3 даромадан дар футбол монда будам. Дар пахши мустақими баскетболу волейбол низ бой додам. Ман худам, ростӣ, намедонам, ки чӣ гуна ба бозӣ дода шудам. Тавре дар забони русӣ мегӯянд, мисли “ломка” аст, ки худро аз бозӣ канда наметавонӣ. Одамоне ҳастанд, ки мошину ҳатто хонаашонро ба қимор мегузоранд ва бой медиҳанд.”

Ба фарқ аз Қирғизистон, дар Тоҷикистон казиноҳо ва бозиҳои саргармкунанда манъ нашудааст. Фақат бояд бинои қиморхона аз мактабу кӯдакистонҳо фосилаеро дошта бошад ва баъди қабули қонуни масъулияти волидайн, кӯдакон ба бозӣ роҳ дода намешаванд.

ҚИМОР АЗ НИГОҲИ ИСЛОМ

Дар Тоҷикистон то соли 2002 идораи умури лотереяву лотову бозиҳои дигар ҳатто дар дасти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд. Ҳоло ихтиёри ин ҳамаро Вазорати молия ба даст гирифтааст, вале чунин оморе мавҷуд нест, ки оё дар Тоҷикистон чанд ширкати қимор сабти ном шуда ва ба буҷаи давлат чӣ қадар молиёт месупоранд.

Абдулбасир Саидов, рӯҳонии тоҷик

Абдулбасир Саидов, рӯҳонии тоҷик

Бо ин ҳол, Эшони Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, ки қимор дар Ислом ҳаром ҳукм шуда ва пуле, ки аз қимор ба даст меояд, ҳалол нест: “Аз нигоҳи шаръӣ ҳар чизе ки боиси зарари дигарон шавад, мамнӯъ аст. Қимор ба ҳамин хотир ҳаром аст. Ба ҳар шакле ки бошад, чӣ дар бозии футбол ва чӣ бозиҳои дигар, дар Ислом иҷозат нест. Лекин агар як одам ба тарзи ҳадя пул бимонад, ки кадом гурӯҳе бурд, ин ҳадя - моли ҳамон, ин гуноҳ нест. Вале агар чанд нафар шарт кунанд, ки бозӣ ба фоидаи кӣ тамом мешавад ва пулро як кас бурд, қабул нест.”

Аммо бо вуҷуди чунин ҳукми сахти Ислом, қимор дар қаламрави Тоҷикистон таърихи тӯлоние дорад. Буҷулбозиву ӯймоқбозӣ, чанд навъи бозии қарта, чун “тринка” ва “хлус”, лотореяҳои расмие, чун “Спортлото” ё “Лото-спорт”, ки ҳоло бозӣ мекунанд, ё лотои русӣ, ки дар 10 сол пеш ба як василаи асосии дилхушии мардум табдил ёфт ва авҷаш, аз чӣ бошад, ба рӯзҳои рӯзаи моҳи Рамазон рост меомад...

Баъди ин ҳама навбати бозиҳои автомат ва компутариву интернетӣ расид. Вале акнун чунин ба назар мерасад, ки дар бозори бозиҳои қимори Тоҷикистон ҷои ҳамаро қимор бо натиҷаи бозиҳои футболу баскетбол танг мекунад.

ҚИМОР ҲАДДИ ЭЪТИДОЛ ДОРАД?

Афшин, як донишҷӯ аз Душанбе, мегӯяд, ки ҳаддалимкон кӯшиш мекунад, то як ҳадди эътидолро дар бозӣ нигоҳ дорад, вале, ба гуфтаи ӯ, бархе чунон мӯътод мешаванд, ки таҳти шӯру ҳаяҷони бозӣ бо тамоми дороии худ таваккал мекунанд ва хонасалот мешаванд: “Пули зиёд мемонанд дар бозӣ – аз 5 то 10 000 сомонӣ ҳатто. Шумори хеле камаш мебарад, аксар бой медиҳанд. Одамони зиёде ҳастанд, ки пули зиёд бой медиҳанд, ҳатто мошину хонаашонро бой медиҳанд. Мисли як маризист. Як бор ки бурдӣ, дигар ҳар рӯз рафтан мегирӣ барои бозӣ. Агар як бор бурдӣ, тамом, он ҷо ҳар рӯз худаш туро кашидан мегирад.”

Ҳамин тавр, дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ афроди зиёде ҳаст, ки мӯътоди қимор шуда, маоши бо чӣ азобҳое ба даст овардаи худро ба шиками бетаги бозиҳои автомат ё казиноҳо мерезанд ва хонасалоту қарздор шуда, солҳо наметавонанд ба ватан баргарданд.

КОҲИШИ МУҲОҶИРОНИ ҚИМОРБОЗ

Фаррух Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони Екатеринбург мегӯяд, баъди баста шудани казиноҳову қиморхонаҳодар шаҳрҳои Русия дар соли 2009 шумори тоҷикони қиморбоз коҳиш ёфт, вале акнун дар байни муҳоҷирони тоҷик бозиҳое, чун буҷул, аз нав авҷ мегирад: “Хеле зиёд буданд онҳое, ки пули сохтмонро мегирифтанду дар як шаб ҳамаро мебохтанд ва баъд гурехта мегаштанд. Дар казино бисёр бозӣ мекарданд. Қиморбози аслӣ шуда буданд. Казиноҳоро барҳам доданд, лекин гурӯҳҳое ҳастанд, ки байни худ буҷул ё қарта бозӣ мекунанд.”


РАВОНШИНОС: ҚИМОР ЯК НАВЪ БЕМОРИСТ...

Ба ақидаи равоншиноси тоҷик Маҳмуд Кабирӣ, онҳое, ки ба бозӣ зиёд дода мешаванд, аз нигоҳи равонӣ маризанд, ки бояд табобат бигиранд: “Инсон мехоҳад ки бо роҳҳои зуду осон соҳиби маблағҳои бузург шавад. Ин талаб дар ниҳоди ҳар инсон ҳаст. Аз як тараф, афроди доро ба ин роҳ мераванд, то ба ин васила ба сарвати худ зам кунанд. Вале мардуми камбағал низ зиёд ба ин роҳ по мегузоранд, ки худро зудтар аз чанги қашшоқӣ бираҳонанд. Албатта, ҳар чиз агар аз ҳад гузашт ва шавқе шуд, ки ҳеҷ омили равонӣ ё омили иродавӣ онро манъ карда натавонад, аломати маризист ва чунин нафарро бояд ҳатман табобат кард.”

Маҳмуди Кабирӣ мегӯяд, як далели шавқи мардум ба қимор набуди роҳҳои дигари масрафи пул дар Тоҷикистон аст, зеро дар кишвар ягон бозори бурс нест, ки мардум бо пули доштааш битавонад, барои мисол, саҳмияи ягон корхонаро бихарад ва фоида бигирад. Аз сӯи дигар, ба ақидаи ин равоншинос, мардуми қашшоқ танҳо роҳи раҳоӣ аз чоҳи тангдастиро барои худ дар таваккал ба бозӣ ва қимор мебинад. Ба ин умеди хеле фиребо, ки шояд ягон рӯзе мурғи иқбол рӯи шонаи онҳо ҳам бинишинад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG