Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак дар ташкили "ҳукумати истибдодӣ" муттаҳам мешавад


Айбдоркунандаи давлатӣ Мустафо Сулаймон имрӯз президенти барканоршуда Ҳусни Муборакро барои ҷорисозии ҳукумати истибдодӣ дар давоми қариб 30 соли раҳбариаш дар Миср муттаҳам кард. Муборак, ду писари собиқ мақомдори ӯ, вазири пешини умури дохилаи Миср ва шаш афсари баландпояи полис барои даст доштанашон дар куштори беш аз 800 эътирозгар дар ҷараёни шӯришҳои порсола айбдор мешаванд. Худи муттаҳамон гуноҳҳои худро рад мекунанд. Додгоҳ августи порсол шурӯъ шуд. Мубораки 83-сола, ки дучори маризии қалб мебошад, ба толори мурофиа савори аробача ҳозир шуд. Баъди қироати қариб яксоатаи ҷурмҳои Муборак мурофиа то фардо мавқуф гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG