Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ба таҳрими шадидтари Эрон даъват кард


Вазири хориҷаи Фаронса Ален Жюпе мӯътақид аст, ки Эрон дар паи рушди силоҳҳои ҳастаӣ мебошад ва аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки нисбати Эрон таҳримҳои шадидтар ҷорӣ шавад. Зимни суханрониаш тавассути телевизион дар Париж вай гуфт, “ҳеҷ шаке нест”, ки Теҳрон дар паи эҷоди силоҳҳои ҳастаӣ мебошад ва аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки таҳримҳои нави иқтисодиро назири оне, ки рӯзи шанбе президенти Амрико Барак Обама ҷорӣ кард, қабул кунад.

"Мутахассисон ҳамоно ин масъаларо баҳс доранд, вале ба ҳар сурат, Эрон тавлид ва рушди силоҳҳои ҳастаиро идома медиҳад ва фикр мекунам, ин ҷо ҳеҷ шаке буда наметавонад. Гузориши ахири Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ дар ин замина хеле мушаххас иттило медиҳад. Аз ин хотир, Фаронса, бо ин ки аз идомаи музокирот даст намекашад, хоҳони таҳримҳои шадидтар мебошад”.

Изҳороти мазкур дар ҳоле садо дод, ки рӯзи душанбе Эрон як силсила мушакҳои навашро дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз озмоиш кард. Аз ин пеш, Теҳрон таҳдид кард, ки дар сурати эъмоли таҳримҳои шадидтар болои Эрон дастрасӣ ба ин гулӯгоҳи муҳими интиқолдиҳандаи 30 дар сади захираҳои нафти ҷаҳон масдуд мешавад.
XS
SM
MD
LG