Пайвандҳои дастрасӣ

Оромии Андаракро тоҷикону қирғизҳо якҷоя ҳифз мекунанд


Марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилояти Бодканд (акс аз бойгонӣ)

Марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар вилояти Бодканд (акс аз бойгонӣ)

Мақомоти қирғиз мегӯянд, вазъ дар Андарак, ҷои занозании тоҷикон ва қирғизҳои минтақа ором ва зери назар аст.

Пас аз даргирии байни намояндагони ду қавм дар шаби 29-уми декабр, ки бо захмӣ шудани даҳҳо нафар, сӯхтани ду манзили зист ва чанд фурӯшгоҳу мошиноҳои шахсӣ ба поён расид, гурӯҳҳои «дружиначиён» ҳамроҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқ шабу рӯз авзоъро дар ин ҷо зери назорад доранд. Дастаҳои кӯмак ба полис дар деҳаи Андараки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва бо шумули намояндагони ҳарду миллият таъсис ёфтаанд.

Рустам, ном як сокини деҳаи Андарак дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: «Ду гурӯҳи дружиначиён аз тоҷикону қирғизҳо, ҳудуди 20-нафарӣ ҳамроҳи кормандони милиса шабҳо маҳаллаҳои худро посбонӣ мекунанд. Онҳо дар бар либоси махсус ва дастбанди «дружиначии халқӣ» доранд.»

Ба гуфтаи Рустам, баъди шаби 29-уми декабр, дигар ҳодисае рух надода, зиндагии сокинон ба маҷрои пешини худ баргаштааст. Ба навиштаи манобеи хабарии қирғиз, мақомоти интизомии вилояти Бодканд ба хотири ҳифзи тартибот дар деҳаи Андарак, чиҳил корманди интизомиро мустақар намудаанд.

Ҳамин манобеъ мегӯянд, ҳамзамон дар деҳаи Андараки вилояти Бодканди Қирғизистон гурӯҳҳои ташаббукори занони тоҷику қирғиз таъсис шудааст. Маърифат Ҷалилова, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Лайлак гуфтааст, ки гурӯҳи бонувон мулоқотҳо ороста, масъалаҳои баҳсбарангезро муҳокима ва ҷавононро ба ҳалли осоиштаи онҳо даъват мекунанд.

Аз ҷониби дигар мақомоти Қирғизистон ҷиҳати таҳқиқи сабабҳои низоъ як комиссияи давлатӣ таъсис дода, ба сокинони деҳаи Андарак гуфтаанд, омилони сӯхтори хонаву мағоза ва дигар моликияти шаҳрвандонро ошкор ва боздошт хоҳанд кард. Ба гуфтаи Рустам, мақомоти қирғиз то кунун се ҷавони тоҷики бошандаи деҳаи Андаракро ба гумони барафрӯхтани низоъ дастгир кардаанд.

Ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон, ки деҳаи Андарак аз самти шимол дар тақрибан 90,километрии он ҷойгир аст, бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Муноқиша дар Андарак ба вазъ дар гузаргоҳҳои наздимарзӣ таъсире нагузошта, рафтуомади сокинони ду ҷониби марз мисли пештара бидуни мушкил сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG