Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи ифтитоҳи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар


Толибони Афғонистон имрӯз ба тавофуқи муқаддамотӣ даст ёфтанд, ки “дафтари сиёсии” худро дар Қатар таъсис дода баъди даҳ соли фаъолиятҳои шӯришӣ ба музокира пардозанд. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар як изҳорот мегӯяд, ки “фурсати муносибе расидааст, ки дар берун аз кишвар дафтаре боз шавад, то ки гуфтугӯҳо бо ҷомеаи байналмилалӣ оғоз шаванд”. Вай инчунин гуфт, ки дар заминаи тасмими ифтитоҳи дафтари Толибон дар Қатар тавофуқе бо ҳукумати ин кишвар ва ҳам ҷонибҳои дигар ба даст омадааст. Дар изҳорот омадааст, Толибон ба озодкунии аъзои ин ҷумбиш, ки дар зиндони амрикоии Гуантанамо нигаҳдорӣ мешаванд, озод шаванд.
XS
SM
MD
LG