Пайвандҳои дастрасӣ

Духтари собиқ раиси ҷумҳурии пуртарафдори Эрон Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ имрӯз ба зиндон маҳкум шуда барои фаъолиятҳои зиддидавлатиаш дар ҷараёни эътирозҳои соли 2009, ки баъди интихоботи раёсатҷумҳурӣ сар зад, аз ҳақи идомаи фаъолиятҳои сиёсӣ маҳрум шуд. Дар ин эътирозҳо Рафсанҷонӣ аз нирӯҳои ислоҳотталаб тарафдорӣ кард, ки гуфтанд, натиҷаҳои интихобот ба фоидаи президент Маҳмуди Аҳмадинажод тақаллуб шудааст. Дар ҷараёни ин эътирозҳо Фоиза Ҳошимии Рафсанҷонӣ барои кӯтоҳмуддат боздошт шуда буд. Хабаргузории ISNA мегӯяд, ки муҳокимаи додгоҳии хонум Рафсанҷонӣ моҳи гузашта шурӯъ шуд ва ӯ дар таблиғоти зидди ҳукумати исломӣ муттаҳам мешавад. Аз рӯи иттилои вакили хонум Рафсанҷонӣ, ӯ ба шаш моҳи зиндон ва адами ҳақи идомаи фаъолиятҳои сиёсиву фарҳангӣ ба мӯҳлати панҷ соли оянда маҳкум мешавад.
XS
SM
MD
LG