Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз бозгашти ҳавопаймобарҳои амрикоӣ ба Халиҷ таҳдид кард


Фармондеҳи артиши Эрон имрӯз таҳдид кард, ки киштии амрикоии ҳавопаймобари мустақар дар Ховари Миёна набояд дубора ба Халиҷ баргардад. Атоулло Солеҳӣ гуфтааст, ки дар сурати бозгашти киштии ҳавопаймобари амрикоӣ ба Халиҷ Эрон аз иқдом кор хоҳад гирифт ва ҳушдори худро дубора такрор нахоҳад кард. Рӯзи душанбе Эрон машқҳои даҳрӯзаи баҳриро дар Халиҷи Форс дар наздикии тангаи Ҳурмуз анҷом дод, ки беш аз сӣ дар сади захираҳои нафти ҷаҳон аз он ҷо интиқол мешаванд. Дар гузашта мақомоти Теҳрон таҳдид кардаанд, ки дар сурати таҳрими бахши нафти Эрон аз ҷониби Ғарб, тангаи Ҳурмузро масдуд мекунанд.
XS
SM
MD
LG