Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи рақобатҳои интихоботи президентӣ дар ИМА


Дар аёлати шимолу маркази Айоваи Амрико рӯзи аввали рақобатҳои интихоботи президентӣ дар миёни ҳизби ҷумҳурихоҳ аст. Барандаи ин сабқати сиёсӣ, ки моҳҳои тӯлонӣ идома мекунад, баъдан дар интихоботи моҳи ноябр барои бурдани курсии президентии ИМА мубориза хоҳад бурд. Раъйдиҳандагони Айова бояд мавқеи худро дар робита бо номзади интихоботӣ муайян кунанд. Бар тибқи назархоҳиҳои ахир, мавқеи се рақиб - волии Массачусес Мит Ромни, конгрессмени техасӣ Рон Пол ва собиқ сенатори Пенсилвания Рик Санторум ба ҳам хеле наздик будааст. Назарсанҷиҳо ҳокист, ки ҳанӯз 40 дар сади сокини Айова намедонанд, ки ба ҷонибдории кӣ овоз хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG