Пайвандҳои дастрасӣ

Миёнҷиҳои Исроилу Фаластин дар Аммон мулоқот мекунанд


Имрӯз дар Урдун қарор аст мулоқоти рӯбарӯи миёнҷиҳои Исроилу Фаластин баргузор ва азсаргирии музокироти сулҳ, ки беш аз як сол мутаваққиф шудааст, баррасӣ мешавад. Мулоқоти Аммон раҳбарони гурӯҳҳои музокиротии Исроил Исҳоқ Молчо ва ҳамтои фаластинии ӯ Соҳиб Урайқотро ба ҳам меорад, ки дар канори онҳо инчунин намояндагони гурӯҳи Чоргонаи Ховари Миёна аз Иттиҳодияи Аврупо, Русия, СММ ва ИМА ҳозир хоҳанд шуд. Ҷонибҳо мегӯянд, ки мулоқоти мазкур ба маънои шурӯи расмии музокираҳо нахоҳад буд. Дар ин замина Урайқот гуфт:


"Ба эътиқоди мо, ҳоло аз ҳукумати Исроил бастагӣ дорад, ки сиёсати дуюмдараҷаву абймониҳоро идома диҳад, ва ё ин ки боғурур дар роҳи дуруст қадам ниҳад”.

Дар навбати худ Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил чунин гуфт:

"Мо интизори инем, ки фаластиниҳо амалан бидуни пешшарфт ҳозир шаванд ва мулоқоти Урайқоту Молчо сарнавишти азсаргирии музокираҳоро рӯшан созад. Ин масъалаҳо барои онҳое хеле муҳим аст, ки дар бораи идомаи талошҳо барои вуҷуди ду давлат андеша доранд”.

Музокироти сулҳи миёни ду ҷониб ҳанӯз сентябри соли 2010 мутаваққиф шуд. Фаластиниҳо гуфтанд, ки танҳо баъди масдудшавии сохтмони шаҳракҳои яҳудинишин дар Каронаи Ғарбӣ ва Байтулмуқаддас дубора сари мизи гуфтушунид бархоҳанд гашт. Исроил мегӯяд, ки музокираҳо бояд бидуни пешшарт аз сар гирифта шаванд.
XS
SM
MD
LG