Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куштори Бобои Барфӣ чун як ҷинояти маишӣ таҳқиқ мешавад


Дар изҳороти нави вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид мешавад, ки куштори Парвиз Давлатбекови 24-сола, ки шаби Соли Нав бо либоси Бобои Барфӣ ба тан кушта шуд, ангезаи мазҳабӣ надорад. Сухангӯи вазорат Маҳмадулло Асадуллоев гуфтааст, ки ҳамлагарон таҳти таъсири машрубот буданд ва ҳамлаи онҳо ба ин сокини Душанбе чун як ҷинояти маишӣ арзёбӣ мешавад. Бино ба иттилои хешовандон, Парвиз Давлатбеков шаби Соли Нав бо нияти табрики наздикон дар наздикии хонааш бо либоси Бобои Барфӣ гашту гузор мекард, вале мавриди ҳамлаи гурӯҳи ҷавонон қарор гирифт, ки бо зарбаи корд ӯро ба ҳалокат расонданд. Баъзе хабаргузориҳо бо такя ба иттилои шоҳидон ва хешовандони Парвиз гуфтанд, ки ба ҳамлагарон либоси ӯ хуш наомадааст, ки чун рамзи ҷашни ғайримусалмонӣ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG