Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъкиди Покистон ба пайвандҳои таърихӣ бо Тоҷикистон


Фаҳмида Мирзо, pаиси Маҷлиси Миллии Покистон

Фаҳмида Мирзо, pаиси Маҷлиси Миллии Покистон

Раиси Маҷлиси Миллии Покистон Фаҳмида Мирзо хостори равобити қавитари кишвараш бо Тоҷикистон шуд.

Ин нуктаро хонуми Мирзо дар дидор бо Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод баён дошт. Вай гуфт, ки Тоҷикистону Покистон, ду кишвари "бародар", муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангӣ ва динӣ доранд ва Исломобод хостори густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва равобити бештари порлумонӣ аст.

Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар ин мулоқот гуфт, ки давлаташ низ мехоҳад, бо Исломобод равобити бештар дошта бошад ва дар навбати аввал ба рафъи камбуди нерӯи барқ дар Покистон кӯмак намояд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон хостори бунёди хатти баландшиддати CASA-1000 аст, ки нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳад дод.

Ин тарҳ беш аз 950 миллион доллар харҷ дорад ва ахиран Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, омодааст ба ин тарҳ сармоягузорӣ кунад. Русия низ борҳо изҳор доштааст, ки мехоҳад, дар ин тарҳ миллионҳо доллар харҷ намояд.

Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон

Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон

Дидори раиси Маҷлиси Миллии Покистон Фаҳмида Мирзо ва сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдуллоҳ Зубайдов дар ҳоле баргузор шуд, ки чанд рӯз пеш аз он расонаҳои ахбори оми Ҳиндустон навиштанд, Деҳлии Нав бемористони ҳарбии худро дар ноҳияи Фархор аз нав фаъол хоҳад кард. Мақомоти Тоҷикистон ин хабарро рад ё тасдиқ накарданд. Қаблан Ҳинд мегуфт, ҳавопаймо ва чархболҳояшро дар фурудгоҳи Айнии Тоҷикистон ҷойгир кардааст, вале Душанбе ин хабарро рад намуд.

Чунин ахбор, зоҳиран, сабаби нороҳатии мақомоти покистонӣ мешавад ва ба дунболи хабарҳои марбут ба фурудгоҳи Айнӣ, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Покистон ба Душанбе сафар кард ва хостори таҳкими равобит бо Тоҷикистон шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG