Пайвандҳои дастрасӣ

3D дар Ашқобод. Синамои номдор, аммо бе муштарӣ


Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар кинотетри нави 3D дар Ашқобод.

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар кинотетри нави 3D дар Ашқобод.

Кинотеатри 3D ё себуъдии Туркманистон бинандаҳои худро аз даст додааст.

Дар Ашқободи Туркманистон аз шаш моҳ ба ин сӯ ягона кинотеатри 3D ё филмҳои себуъдӣ фаъолият мекунад.

Онҳое, ки аз тамошои филмҳои маъмулӣ хаста шудаанд, дар рӯзҳои аввал бо дилгармӣ ба ин кинотеатр меомаданд. Аммо ин кинотеатри чанд миллиондолларӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ то кунун танҳо як филми 3D ё себуъдиро ба намоиш мегузорад, ки он ҳам "Туркманистон биҳишти рӯи замин" аст.

Як корманди ин кинотеатр, ки нахост аз худ ном бибарад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “шояд мардум аз ин филм хаста шудаанд, касе ба он шавқу завқ зоҳир намекунад. Онҳо фақат барои он меоянд, ки сохтмони кинотеатрро тамошо кунанд.”

Кинотеатри номдор, вале бе муштарии Ашқобод

Кинотеатри номдор, вале бе муштарии Ашқобод

Ба гуфтаи ин корманд, барои он ки дар ин кинотеатр филм ба намоиш гузошта шавад, камаш бояд 5 нафар бинанда ҳузур дошта бошад. Вале аксар вақт шумораи муштариён ба панҷ нафар намерасад ва раҳбарияти кинотеатр тасмим мегирад, ки филм ба намоиш гузошта нашавад. Дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе, ки маъмулан мардум ба тамошои филм ё ба театр мераванд, шумораи муштариён ба 10-15 нафар мерасад.

Бино ба маълумоти мавҷуда, Туркманистон барои сохмтони ин кинотеатри дорои таҷҳизоти 3D ё себуъдӣ 20 миллион доллар сарф кардааст. Ба ҷуз аз толори 3D, ки 70 ҷои нишаст дорад, дар ин кинотеатр ҳамчунин толори синамои маъмулӣ ҳаст, ки он дорои 430 курсӣ мебошад.

Сохтмони ин бинои муҷаллалро, ки аз мармару шиша дар хиёбони марказии ба номи Махдумқулӣ сохта шудааст, ширкати “Туркменнефтегазстрой” сармоягузорӣ кардааст. Кинотеатри 3D-ро Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, дар 54-умин солгарди зодрӯзи худ, 29 июни соли 2011 боз кард.

Ба ҷуз аз ин кинотеатр дар Ашқобод ду кинотеатри дигари маъмулӣ бо номҳои “Ватан” ва “Туркаманистон” мавҷуд аст, ки аз давраи Шӯравӣ боқӣ мондаанд. Дар ин кинотеатрҳо аслан филмҳои ҳиндӣ ё филмҳои давраи Шӯравиро намоиш медиҳанд. Ин филмҳо маъруфияти чандоне надоранд ва хастакунанда шудаанд. Мардум мегӯянд, ин филмҳоро аз телевизионҳо низ зуд-зуд ба намоиш мегузоранд ва онҳо метавонанд онро аз телевизион бубинанд ва ниёзе барои рафтан ба кинотеатрҳо боқӣ намондааст.

Дар навори зер: Нахустин толори синамои 5D дар Тоҷикистон

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG