Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои Исроилу Фаластин дар Урдун мулоқот мекунанд


Қарор аст, имрӯз ҳайатҳои музокираи Исроил ва Фаластин дар Урдун дурнамои оғози музокироти сулҳи ҷонибҳоро дар мулоқоти рӯ ба рӯ баррасӣ кунанд. Дар ин мулоқот аз ҷониби Исроил Исҳоқ Молхо ва аз ҷониби Фаластин Соиб Эрекот ширкат мекунанд. Ҳамчунин қарор аст дар музокирот намояндагони чаҳоргонаи байналмиллалии сулҳи Ховари Миёна Русияву Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва СММ ширкат ҷӯянд. Интизор меравад, ки Тонӣ Блэр-фиристодаи Британия дар Ховари Миёна ва нахуствазири пешини Британия низ дар ин мулоқот ҳузур ёбад.
XS
SM
MD
LG