Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Миср даври ниҳоии интихобот баргузор мешавад


Имрӯз дар Миср даври ниҳоии райдиҳӣ дар интихоботи маҷлиси поёни порламони ин кишвар оғоз мешавад. Райдиҳӣ дар 9 вилоят дар назар дошта шудааст. Ба ин вилоятҳо аз ҷумла манотиқи ҷанубии кишвар низ дохил мешавад, ки насрониҳои зиёд дар он ҷо ба сар мебаранд. Дар даврҳои гузаштаи райдиҳӣ гурӯҳҳои исломии Ихвон ул Муслимин ва Ҳизби Ал Нур шумораи зиёди курсиҳоро дар маҷлиси поёнии порламон ба даст оварданд. Нозирон мегӯяд, ду даври аввали интихобот аслан бидуни нақзи муқаррароти райдиҳӣ баргузор шудааст. Вале дар даври севвум дар моҳи декабр 17 нафар дар даргириҳои ҷонибдорони ислоҳот ва пулис кушта шуд.
XS
SM
MD
LG