Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷомеаи Араб хостори қатъи тирандозӣ дар Сурия шуд


Набил ал Арабӣ

Набил ал Арабӣ

Набил ал Арабӣ-раиси Ҷомеаи Араб гуфтааст, “нишонаҳои ҳузури низомиён дар шаҳрҳои Сурия дида намешавад ва танкҳову тупҳо аз шаҳрҳо берун бурда шудаанд”. Бо вуҷуди ин вай даъват кард, ки тирандозии нишонзанҳо ҳамчунон хатари аслӣ боқӣ мондааст. Ҳоло тақрибан 60 нозир аз кишварҳои арабӣ бар иҷрои нақшаҳои сулҳ дар Сурия назорат мебаранд. Мухолифони давлати Сурия аз нозирони кишварҳои арабӣ интиқод карданд, ки натавонистаанд дар сатҳи лозимӣ дар бораи хушунатҳои Сурия маълумот ба нашр расонанд.
XS
SM
MD
LG