Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набил Арабӣ мегӯяд, дар Сурия даргирӣ идома дорад


Набил Арабӣ, раҳбари Иттиҳодияи Араб, имрӯз гуфт, давлати Сурия сарбозонашро аз шаҳрҳои кишвар берун кашидааст, вале ҳанӯз ҳам тирандозӣ ва нишонгирҳо мушоҳида мешаванд. Набил Арабӣ афзуд, нозирони созмон, ки барои назорат бар амалкардҳои давлат ҷиҳати хотима додан ба хушунатҳои 10 моҳа ба Сурия фиристода шуданд, дар таъмини мардуми шаҳри ноороми Ҳум бо ғизо кӯмак кардаанд. Аммо мухолифони давлат нозирони арабро танқид кардаанд, ки мизони хушунат дар Сурияро ба ҳадде, ки ҳаст тасвир намекунанд. Ба гуфтаи Созмони Милал аз замони шурӯъи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия, аз моҳи март то кунун бештар аз 5 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG