Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти мардуми мулкӣ дар Ироқ афзудааст


Як созмони ғайридавлатӣ дар Бритониё бо нашри гузорише гуфт, талафот дар миёни мардуми осоишта дар Ироқ дар соли 2011 назар ба соли 2010 андаке зиёд шудааст. Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи IBC мегӯяд, соли гузашта дар ҷангу низоъҳо дар Ироқ 4 ҳазору 59 нафар ғайринизомӣ кушта шудааст, ки 83 нафар бештар аз соли 2010 аст. Бар тибқи ин гузориши созмон, аз замони вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Ироқ дар соли 2003, то замони тарки онҳо дар соли гузашта дар он кишвар 162 ҳазор нафар кушта шудаанд ва 80 дар сади онҳо мардуми мулкӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG