Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳқиқи муаммоҳои курраи Моҳ


Ду фазонаварди бесарнишини НАСА, Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико акнун ба давр задан дар мадори курраи Моҳ шурӯъ карданд ва ҳадафи онҳо, омӯзиши қувваи ҷозиба ва шеваи ташаккули ин ҳамсафари зебои Замин аст. Фазонавардҳои GRAIL моҳи сентябр партоб шуданд ва донишмандон умедворанд, бо кӯмаки онҳо муаммои ташаккули курраи Моҳ ва таркиби дохилии онро ошкор кунанд. Ҳарду фазонавард бо абзорҳои нақшабардории майдонҳои ҷозибаи номутавозини курраи Моҳ муҷаҳҳаз шудаанд. Донишмандон умедворанд, ин фарзияро ҳам таҳқиқ хоҳанд кард, ки курраи Замин як замон ду ҳамсафар доштааст ва онҳо ба ҳам бархӯрда, Моҳро офаридаанд.
XS
SM
MD
LG