Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Исмоил Ҳания аз Туркия идома мекунад


Исмоил Ҳания, нахуствазири Навори Ғазза, бо идомаи сафараш дар Туркия, имрӯз ба дидани киштии кӯмакҳои башарие рафт, ки соли 2010 дар роҳ ба сӯи Ғаззаи муҳосирашуда, нерӯҳои Исроил ба он юриш бурданд. Исмоил Ҳания, хотираи 9 нафар аз фаъолони имдодрасонеро гиромӣ дошт, ки дар юриш ба киштии туркии Навӣ Мармара кушта шуданд. Баъди ба қудрат расидани Ҳамос ба қудрат дар Навори Ғазза дар соли 2007 ин нахустин сафари Исмоил Ҳания ба хориҷ аст. Исмоил Ҳания дирӯз бо Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия мулоқот кард. Муносиботи ин кишвар бо Исроил пас аз юриш ба Навӣ Мармара сард шуд.
XS
SM
MD
LG