Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳаргули ҷафокашидаро дар Ҳинд табобат мекунанд


Арӯси 15-солаи як хонавода дар Афғонистон, ки аз тарафи шавҳару хешовандони ӯ бераҳмона шиканҷа шудааст, барои табобат ба Ҳинд фиристода хоҳад шуд. Дар ин бора Сидиқ Сидиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон хабар дод. Пештар аз ин Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз мақомоти интизомӣ хост, ҳар касеро, ки Саҳаргули 15-соларо азоб додааст, ҷазои сазовор бидиҳанд. Саҳаргул мегӯяд, ӯро аъзои хонаводаи шавҳараш дар вилояти Бағлон шаш моҳ дар таҳхона нигаҳ дошта ва мӯи сари ӯро кандаанд ва ангуштонашро шикастаанд. Ба гуфтаи Саҳаргул, онҳо мехостанд, ба роҳи бад биравад.
XS
SM
MD
LG