Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ду мушаки дурбурдро озмоиш кард


Як фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Эрон гуфт, дар размоиши нерӯҳои баҳрӣ дар Халиҷи Форс, ду мушаки дурбурдро бомуввафақият озмоиш карданд. Маҳмуд Мӯсавӣ, муовини фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Эрон, гуфтааст, мушаки соҳил ба дарё мавсум ба “Қодир” ва мушаки навъи замин ба замин бо номи “Нур” озмоиш шуд, ки то масофаи 200 километр парвоз мекунанд. Як мушаки кӯтоҳбурди зидди киштӣ дертар озмоиш мешудааст. Нерӯҳои баҳрии Эрон дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки сеяки нафти бозорҳои ҷаҳонӣ аз он мегузарад, як тамрини даҳрӯзаи низомӣ баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG