Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон як мушаки дурбурд озмоиш кард


Мақомоти Эрон мегӯянд, дар рӯзи охирини размоиши нерӯҳои баҳрӣ дар Халиҷи Форс, як мушаки дурбурдеро бомуввафақият озмоиш карданд. Хабаргузории расмии “ИРНА” аз қавли Маҳмуд Мӯсавӣ, муовини фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Эрон, навиштааст, мушаки соҳил ба дарё мавсум ба “Қодир” озмоиш шуд, ки то масофаи 200 километр парвоз мекунад. Ба гуфтаи Маҳмуд Мӯсавӣ, имрӯз ҳамчунин ду мушаки навъи замин ба замин бо номи “Нур-“ро озмоиш мекунад, ки ҳамингуна тавоноӣ доранд. Мушаки дигари кӯтоҳбурди зидди киштӣ, ки дар масофаи кӯтоҳтаре парвоз мекардааст, озмоиш хоҳад шуд. Нерӯҳои баҳрии Эрон дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки сеяки нафти бозорҳои ҷаҳонӣ аз он мегузарад, як тамрини даҳрӯзаи низомӣ баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG