Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи муҳокимаи Ҳуснӣ Муборак дар додгоҳ


Муҳокимаи додгоҳии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқ ва бемори Мисрро, имрӯз дар шаҳри Қоҳира аз сар гирифтанд. Ҳусни Мубораки 83-соларо, ки рӯи кати беморӣ ба додгоҳ оварданд, ба қатли тазоҳургароне муттаҳам мекунанд, ки маҳз қиёми онҳо дар моҳи феврал сабаби суқути ҳукумати Муборак шуд. Муҳокимаи раиси ҷумҳури собиқи Миср 3 августи соли гузашта оғоз ёфт ва баъди се моҳи танаффус аз сар гирифта шуд. Дар баробари Ҳуснӣ Муборак, ки ҳамчунин ба ришвахорӣ муттаҳам мешавад, Ҳабиб Адлӣ, вазири умури дохилӣ, шаш фармондеҳи нерӯҳои амниятӣ ва ду писараш Ало ва Ҷамол ҳам муҳокима мешаванд. Ҳамаи онҳо мегӯянд, ки бегуноҳанд.
XS
SM
MD
LG