Пайвандҳои дастрасӣ

Исроилу фаластиниён ба музокира бармегарданд


Музокиракунандагони Исроил ва Фаластиниён фардо дар Ӯрдун барои эҳёи музокироти сулҳ гуфтӯгу хоҳанд кард. Нахустин мулоқоти онҳо дар як соли ахир дар канори музокироти чаҳоргонаи сулҳ дар Ховари Миёна сурат мегирад, ки аз намояндагони Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, Созмони Милал ва Русия таркиб ёфтааст. Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён гуфтааст, агар ин чаҳоргона то охири ҳамин моҳ дар ба ҳам овардани ду тараф ба натиҷае нарасад, фаластиниён роҳи дигареро пеш хоҳанд гирифт. Дар музокироти ғайрирасмии исроилиҳову фаластиниён, ба гуфтаи Оффер Генделман, сухангӯи ҳукумати Исроил, Соиб Аракот, музокиракунандаи Фаластиниён ва фиристодаи Исроил Исҳоқ Молчо ширкат хоҳанд кард: “Мо умедворем, ин мулоқот, роҳро барои дидорҳои мунтазам, музокироти сулҳ бо Фаластиниён боз мекунад ва мо аз шоҳи Ӯрдун барои саъйаш ҷиҳати такон додани ҷараёни сулҳ ба пеш сипосгузорем.” Музокироти сулҳи Исроилу Фаластиниён бо миёнҷигарии Амрико моҳи сентябри соли 2010 қатъ шуд. Фаластиниён мегӯянд, ба шарте ба музокирот бармегарданд, ки Исроил бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар қаламравҳои ишғолии Байтулмуқаддаси Шарқиро мутаввақиф кунад, Исроил мегӯяд, музокирот бояд бе пешшарте аз сар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG