Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нави муҳоҷирон. Оғоз бо моҷарои худӣ


Шаби Соли нави милодӣ дар шаҳри Алексини вилояти Тулаи Русия миёни шаҳрвандони Тоҷикистон моҷаро бархостааст.

Дар натиҷа як сокини 21-солаи деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт, ки аз вай Хоҷаев ном бурда мешавад, кушта шудааст. Қарор аст ҷасади вайро имрӯз ба Тоҷикистон бифиристанд. Дар ин моҷаро ду нафари дигар низ бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Каримҷон Ёров, раиси ҷамъияти тоҷикон бо номи “Этмос” дар Маскав, шаби гузашта дар як тамоси телефонӣ, ҳодисаи рухдодаро чунин шарҳ дод: "Мутаассифона баъд аз гузаронидани маросими истиқболи Соли Нав дар байни тоҷикони шаҳри Алексини вилояти Тула низоъ бархостааст. Сабабаш то ҳол дақиқ маълум нест, лекин гӯё барои духтаре ин низоъ сар зада бошад. Бо вуҷуди ин ҳоло дақиқ нест. Байни бачаҳои ноҳияи Рашт ва бачаҳои ноҳияи Данғара ҷанҷол шудааст. Муттаассифона, як ҷавон аз ноҳияи Рашт, аз қишлоқи Нимич, тақрибан 21-22 сола аз зарби корд ҷон супоридааст. Ду нафари дигар бо аҳволи вазнин дар беморхонаи шаҳри Алексин хобанд. Дӯстони онҳо бо мо дар тамос шуданд. Рӯзи душанбе ҷасади кушташударо ба ватан равон мекунанд."

Радиои Озодӣ: Ин моҷарои миёни тоҷикон дар шаҳри Алексин фурӯкаш шудааст ё ҳанӯз ҳам моҷароҳои баъд аз куштор идома дорад?

Каримҷон Ёров: "Аз рӯи маълумоти имрӯз гирифтаи мо, бачаҳои ноҳияи Рашт гуфтанд, ки ҳамаи ин моҷароро дар оянда ҳал мекунанд."

БОЗ ЯК КУШТОР ДАР МАСКАВ

Дар шаҳри Маскав низ субҳи Соли Нав дар кӯчаи Красно-Казарменная воқеъ дар ноҳияи Лифертовои Маскав як нафари дигар кушта шудааст. Матбуоти Русия хабар додааст, ки ин кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Вале Саид Боев, сухангӯи намояндагии Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ки аз маҳалли ҳодиса боздид кардааст ва бо мақомоти интизомии маҳал мулоқот доштааст, дар сӯҳбате аз Маскав ба радиои Озодӣ гуфт, ки шахсияти ин шаҳрванд то ҳол номаълум боқӣ мондааст:

Саид Боев:"Ҳодисае, ки шаби Соли Нав, шаби шанбе ба якшанбе рух дод, дар кӯчаи Красно-Казарменная, хонаи 19 иттифоқ афтодааст. Дар ҳамин ҷо ба қатл расондани як шаҳрванд ба қайд гирифта шуда буд. Аз рӯи баъзе овозаҳо, гӯё ин шаҳрванди Тоҷикистон бошад. Мо барои муайян кардани шахсияти ин ҷасад нимарӯзӣ ба ҷои ҳодиса рафтем. Баъд аз вохӯрӣ аз рӯи баъзе хабарҳое, ки дар матбуот чоп шуда буд ва дар ин хабар гуфта буданд, ки дар аввали Соли Нав акнун як шаҳрванди Тоҷикистон ба қатл расид. Муҳоҷирони корие, ки дар хоҷагии коммуналии ноҳияи Лифертовои шаҳри Маскав кор мекунанд, мулоқот кардем. Бо яке аз онҳо бо номи Алиев Ҳаким ҳамсӯҳбат шудем. Вақте ман суол кардам, ки бародар мо шунидем, ки ин шаҳрванд тоҷик будааст, шумо вайро мешинохтед? Алиев Ҳаким нақл кард, ки бештар аз ду сол дар назди ин бино ба кӯчарӯбӣ машул аст ва ҳамаро ба куллӣ мешиносад ва ин нафаре, ки кушта шудааст, тамоман ношинос аст."

Радиои Озодӣ: Оё Шумо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот мулоқот доштед ва дар бораи ин куштор гуфтугӯ доштед ?

Саид Боев: "Албатта. Вақте, ки ман ба ҷои ҳодиса расидам, кормандони шӯъбаи тафтишоти ноҳияи Лифертово ба кори худ машғул буданд. Ман бо яке аз онҳо бо номи Сергей Подляков ҳамсӯҳбат шудам. Аз нисф зиёди кормандони пулис дар гирди ин хонаи иқоматӣ ба назарат машғул буданд."

Радиои Озодӣ: Онҳо дар бораи шахсияти ин кушташуда чизе гуфтанд?

Саид Боев: "Корманди шӯъбаи тафтишотӣ гуфт, ки ҳангоми пайдо кардани ҷасад ба ҷуз аз як калид, ягон санади тасдиқкунанда дар бағали ҷасад наёфтаанд. Калид аз ҳамон хонаест, ки баромада будааст. Ҳатто ман то соатҳои 8-9 бегоҳ ман бо кормандони тафтишот дар тамос будам, онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз шахсияти ҷасад муайян карда нашудааст."

Радиои Озодӣ: Ҳамсояҳоро ҳам барои шиносоӣ кардани ҷасад даъват накардаанд?

Саид Боев: "Чанд нафар аз ҳамсоягоне, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, шаҳодат доданд, ки бори аввал ин шахсро дар он ҷо мебинанд."
XS
SM
MD
LG