Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии ҳамкориҳои стратегӣ миёни ИМА ва Афғонистон


Мақомоти афғон мегӯянд, қарор аст гуфтугӯҳо дар мавриди имзои санади ҳамкориҳои стратегӣ бо ИМА моҳи ҷорӣ оғоз шавад.

Дар канори ихтилофҳои гузашта миёни Амрико ва Афғонистон бар сари имзои ҳамкориҳои стратегӣ, бархе пешниҳодҳои Луи Ҷиргаи анъанавии афғонҳо низ ба унвони шароити сахт дар баробари даври тозаи гуфтугӯҳо миёни ду кишвар вуҷуд доранд.

Ҷонон Мусозай, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи якшанбе дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки ин музокирот дар моҳи ҷории милодӣ дар Кобул оғоз хоҳад шуд.

Ҷонон Мусозай, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон

Ҷонон Мусозай, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон

Ба гуфтаи оқои Мусозай, ин музокирот аз сӯи сафири Амрико дар Кобул ва мушовири амнияти миллии Афғонистон миёни ҳайатҳои ду кишвар пеш бурда хоҳад шуд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, дар ин раванди музокирот, аз сӯи ҳайати афғонӣ тамоми пешниҳодҳои Луи Ҷирга дар назар гирифта мешавад.

Ҳар чанд пеш аз ин мақомҳои афғон ва амрикоӣ гуфтаанд, ки масоили мавриди ихтилоф бар сари имзои ҳамкориҳои дарозмуддати стратегӣ миёни ду кишвар ҳал шудаанд, аммо ҳанӯз ҳам дар бархе аз масъалаҳо ба мувофиқат нарасидаанд. Дар миёни ин масоил, яке ҳам амалиёти шабҳангоми нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ва кофтукови хонаҳои афғонҳо аз сӯи ин нерӯҳо аст, ки ҳукумати Афғонистон ҳамвора хоҳони поён додан ба он шудааст.

Аз сӯи дигар Амрико мехоҳад то ин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи як эъломия танзим гардад, аммо Афғонистон таъкид дорад то ин санад дар чаҳорчӯбаи паймон имзо гардад.

Мақомоти афғон дар ҳоле аз омодагиҳои оғози даври нави музокирот бо мақомоти амрикоӣ дар мавриди имзои санади ҳамкориҳои стратегӣ хабар медиҳанд, ки раиси ҷумҳури Ҳомид Карзай зимни мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон, 5-уми декабри соли 2011,Бонн.

Ҳомид Карзай зимни мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон, 5-уми декабри соли 2011,Бонн.

Афғонистон Ҳомид Карзай ахиран идомаи амалиёти шабҳангоми нерӯҳои эътилоф дар Афғонистонро яке аз монеаҳои асосӣ дар сари роҳи имзои ин санад унвон кард.

Оқои Карзай ҳамчунон гуфтааст, то замоне ки амалиёти шабҳангоми нерӯҳои эътилоф ва кофтукови хонаҳои мардум аз сӯи ин нерӯҳо мутаваққиф нашавад, бо ИМА санади ҳамкориҳои стратегиро имзо нахоҳанд кард.

Афғонистон тасмим дорад бо Британия, Фаронса, Олмон, Италия ва Иттиҳодияи Аврупо низ робитаҳои дарозмуддати стратегӣ барқарор кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG