Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавои Тоҷикистон: Гаҳе офтоб, гаҳе борону гаҳ барф


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво якранг нест.

Дар Душанбе ҳавои абрӣ боқӣ мемонад, рӯзона каме борон дар назар дошта шудааст. Ҳаво аз 5 то 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанд низ ҳаво абрӣ хоҳад буд. Бегоҳирӯзӣ борон меборад. Ҳаво рӯзона 8-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар водии Вахш ва дар минтақаи Кӯлоб ҳавои абрӣ решбинӣ шудааст, вале борон намеборад. Ҳаво рӯзона 7-11 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар Хоруғ дар нимаи аввали рӯз ҳавои офтобиро пешгӯӣ кардаанд. Нисфирӯзӣ осмонро абрҳо фаро мегирад ва бегоҳирӯзӣ ба муддати кӯтоҳ барф меборад. Ҳаво рӯзона 1-5 дараҷа гарм, шабона 5-10 дараҷа сард мешавад.
XS
SM
MD
LG