Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар вилояти Тула дар моҷарои тоҷикон як нафар кушта шуд


Дар шаби Соли Нав дар шаҳри Алексини вилояти Тула миёни шаҳрвандони Тоҷикистон моҷаро бархостааст ва дар ин моҷаро миёни онҳо кордкашӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷа як сокини 21 солаи деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт, ки аз вай Хоҷаев ном бурда мешавад, кушта шудааст. Қарор аст имрӯз ҷасади вайро ба Тоҷикистон бифиристанд. Дар ин моҷаро ду нафари дигар низ бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол дода шудаанд. Дар ин бора Каримҷон Ёров-раиси ҷамъияти тоҷикон бо номи “Этмос” дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод.
XS
SM
MD
LG