Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, соли 2012 барои тоҷикон муҳим аст


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2012-ро низ барои мардуми ин кишвар муҳим хонд.

Ӯ гуфт, дар ин сол аз 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд, маъруф ба “иҷлосияи таърихӣ” ва ҳам 15-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни ҳукумату мухолифини пешини тоҷик таҷлил хоҳад шуд.

Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавии худ ба мардуми Тоҷикистон зикр кард. Вай дар идомаи ин ҳарфҳои худ гуфт, “вазифаи аввалиндараҷаи мо, пеш аз ҳама, идома бахшидан ба раванди таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳамчунин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои неки умумибашарист.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми тоҷик боз ҳам ба унвони “мардуми солору таҳммулгаро” ёд кард ва таъкид намуд, ки ин мардум бо шукрона аз истиқлол барои рушд ва обрӯву нуфузи кишвари худ дар сатҳи ҷаҳонӣ талош хоҳанд варзид.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми солинавии худ нигоҳе ба соли 2011 низ андохт ва гуфт, дар соли гузашта ҳаводиси муҳиме рух доданд, ки пояҳои истиқлолияти кишварро таҳким бахшидаанд. Раисҷумҳур аз ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ёдовар шуд, ки ҳар як нафар дар Тоҷикистон дар бошукӯҳ ва хотирмон гузаштани он саҳм гирифтанд.


Бо ин ҳол, соли 2012 фаро расид ва ҳамон тавре раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам таъкид кард, имсол мардум барои таҷлил аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон омодагӣ хоҳанд дид. Ин “иҷлосияи таърихӣ” моҳи ноябри соли 1992, ҳанӯз бист соли пеш, дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Ин иҷлосия дар шароите сурат гирифт, ки раёсати Шӯрои Олӣ ва ҳукумати Муросои Миллии Тоҷикистон истеъфои худро эълон карда ва дар ду моҳи пеш раисиҷумҳур Раҳмон Набиев низ ба хатти истеъфояш имзо гузошта буд.

Иҷлосия ваколатҳои Раҳмон Набиев, нахустин раисиҷумҳури мунтахабро пеш аз мӯҳлат қатъ ва раёсати нави Шӯрои Олӣ ва ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон (он вақт Эмомалӣ Раҳмонов), раиси пешини вилояти Кӯлоб рӯи кор омад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG