Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон низ аксари духтарон ба далели "моли мардум будан" аз мероси волидайни худ бенасиб мемонанд.

Дар вилояти қабоилнишин ва муҳофизакори Хайбар - Пахтунхва дар Покистон вакилони маҷлиси вилоятӣ тарҳи Қонуни ҳуқуқи мероси занонро таҳия кардаанд.

Нур Саҳар, вакили шӯрои вилоятӣ ва аз муаллифони тарҳ мегӯяд, дар ин вилоят зимни тақсими мероси волидон нисбат ба занон беинсофиву беадолатӣ мешавад ва зарур аст, то барои дифоъ аз ҳаққи онҳо қонуне вуҷуд дошта бошад.

Ӯ гуфт, “ҳар вақте ки занон аз бародар ва ё падари худ аз мерос ҳиссае мехоҳанд, масъала ба душманӣ ва додгоҳ мерасад ва онҷо ҳалли ин қазияҳо солҳо тӯл мекашад. Мо мехоҳем, аз тариқи ин қонун қазияҳои ҳуқуқии мероси занон дар шаш моҳ ҳал шаванд ва ҳаққи занон дода шавад."

Дар Покистон агар зане қазияи тақсими мероси волидайнро ба додгоҳ барад, баъзан солҳо мунтазири ҳукми додгоҳ мемонад ва додрасҳо, ки аксаран мардҳоянд ва бар асоси қонунҳои шариат ҳукм мекунанд, зани рондашуда аз дари шавҳарро аз ҳиссаи ӯ дар мероси падар бенасиб мегузоранд.

ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ?

Юсуф Маҳмадов

Юсуф Маҳмадов

Дар Тоҷикистон агарчӣ қонунҳои дунявӣ амал мекунанд, аммо вазъ аз Покистон фарқи зиёде надорад. Зеро ба гуфтаи Юсуф Маҳмадов, масъули созмони ғайриҳукуматии “Рушд” дар Хатлон, ки ҳифзи ҳуқуқи занон аз самтҳои аслии фаъолияти онҳост, дар Тоҷикистон духтарон аз рӯзи таваллуд дар хонаи волидон як нафари муваққатӣ ба ҳисоб мераванд. Ҷаноби Маҳмадов гуфт, “духтар моли мардум аст ва ё тири фалахмон аст, мегӯянд мардум. Инчунин марди бедухтар худро “қаландар” ҳисоб мекунад, фикр мекунад, ки аз ин дунё ҳеҷ чиз набурдам, ҳеҷ чиз надоштам, чунки мардум фикр мекунанд, ки духтар шавҳар мекунад ва ба ихтиёри дигар касон мегузарад ва худаш ихтиёрдорӣ намекунад. Дар амал ҳам духтар на дар хонаи падар ва на дар хонаи шавҳар ба моликияти оилавӣ ихтиёрдорӣ намекунанд, ҳарчанд ки аз рӯи қонун ҳуқуқ доранд.”

МЕРОС МОЛИ ТАНҲО ПИСАРОН?

Юсуф Маҳмадов мегӯяд, анъанаи қадим дар Тоҷикистон ин аст, ки мероси волидон бояд ба писарон монад ва ё ба писари хурдӣ, ки ин асоси қонунӣ надорад. Ӯ гуфт, хоҳарон ҳам мисли бародарони ҳамхуни хеш дар хонавода ҳаққе бар моликияти волидайн доранд, ба шарте ки падар ва ё модар ин моликиятро бар асоси васиятнома ба яке аз онҳо мерос нагузошта бошад.

Аммо чун дар Тоҷикистон гузоштани васиятро фоли нек намедонанд ва духтарон ҳам ба моли волидон умед намебанданд, моликияти хонавода асосан насиби писар мешавад. Аммо ҷанҷолҳо он вақт зиёд мешаванд, ки духтар ва ё зане талоқ бигирад ва ба хонаи волидон баргардад.

Як таҳқиқи анҷомдодаи созмони ғайриҳукуматии “Рушд” дар чанд ноҳияи Хатлон нишон додааст, ки танҳо 18 дарсади духтарону занони талоқгирифта соҳиби моликияти ғайриманқул, яъне хона шудаанд. Боқимонда, яъне 82 дарсад, ҳамон кӯрпаву гавҳораву сандуқҳои кӯҳнаеро гирифтаанд, ки ба хонаи шавҳар бурда буданд.

Ба гуфтаи Юсуф Маҳмадов, дар ин миён заноне, ки ба хонаи волидайн бармегарданд, аз тарафи аъзои хонавода рӯи хуш намебинанд: “Аз нисф зиёди заноне, ки ба хонаи хешу табору волидон баргаштаанд, эътироф мекунанд, ки муносибати аҳли хонавода ба онҳову кӯдакони онҳо чандон мусбат нест. Аз ҳамин ҷост, ки онҳо мӯҳтоҷтар мешаванд, хонаву сарпаноҳи худро надоранд, ба мушкилоти зиёде дучор мешаванд ва сатҳи зиндагии онҳоро бисёр паст мешавад.”

"БЕХАБАРӢ АЗ ҚОНУНҲОИ КИШВАР ВА АҲКОМИ ШАРИАТ"

Масъули созмони "Рушд" мегӯяд, сабаби ин тамоюл дар Тоҷикистон надонистани ҳам қонунҳои дунявии кишвар ва ҳам аҳкоми шариат аст, ки ҳарду низ духтаронро аз мероси волидайн бенасиб намондааст. Аммо мегӯяд ӯ, баъзе аз бародарон чунин мегуфтаанд, ки агар занҳо ҳама ҳуқуқи дунявиву шариатии худро бидонанд, "аз худ мераванд".

Юсуф Аҳмадов афзуд, вале тамоюли мазкур яъне беинсофӣ дар тақсими мерос нисбат ба занону духтароне, ки аз шавҳар ҷудо шудаанд, дар Тоҷикистон ба ҳадде камтар мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG