Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хуршед Маҳмудов- беҳтарин футболбози сол


Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи "Регар"

Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи "Регар"

Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои соли 2011-умро эълон кард.

Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, беҳтарин футболбози сол эътироф гашт. Ӯ инчунин, беҳтарин нимҳимоятгар дониста шуд.

Алишер Тӯйчиев, дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон ба ҷоизаи «Беҳтарин дарвозабони сол» мушарраф гашт.

Маъруф Рустамов, узви дастаи «Равшан»-и Кулоб, беҳтарин ҳимоятгар ҳисобида шуд. Ӯ, ки ҳамзамон сармураббии дастаи Равшан» аст, бо ҷоизаи «Беҳтарин мураббии сол» сарфароз мешавад. «Равшан» таҳти раҳбарии ӯ дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.

Юсуф Рабиев, ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки бо 32 гол беҳтарин нишонзани мусобиқоти имсола шудааст, бо ҷоизаи «Беҳтарин ҳамлагари сол» мукофотонида мешавад.

Раҳмон Муртазоеви душанбегӣ беҳтарин довар ва Одил Каримов, аз бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе, беҳтарин мураббии бачагона дониста шуданд.

Мадина Фозилова, узви дастаи "Ласточка"(«Парасту» )-и Душанбе беҳтарин футболбоззани сол эътироф гардид.

Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин, беҳтаринҳоро дар риштаи футзал муайян кард.

Шерзод Ҷумъаев, узви дастаи «Вавилон»-и Душанбе беҳтарин бозигари футзал ва Дамир Камолиддинови душанбегӣ беҳтарин мураббии футзал дар соли 2011-ум дониста шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG