Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол дар вилояти Суғд ҷашни Соли нави милодиро бо арчаҳои сунъӣ истиқбол мегиранд, зеро арчаи табиӣ дар фурӯш нест.

Солҳои қаблӣ дар остонаи соли нав дар маркази шаҳри Хуҷанд ва бозори Панҷшанбе фурӯшгоҳҳои арчаҳои солинавӣ боз мешуд. Аммо имсол идораи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал фурӯши онро бо дастури вижае манъ карданд.

Озод Юсуфов, сарвари хоҷагии давлатии ҷангали Суғд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин амр ба хотири ҳифзи ҷангалҳои Тоҷикистон, ки умдатан аз арчазорҳои маҳаллии зарафшонӣ иборат аст, роҳандозӣ шудааст: «Тоҷикистон мисли Русия бешазорҳои нопайдоканор надорад. Агар мо ба буридану фурӯши арча иҷозат диҳем, сокинон дар чанд сол арчаҳои то 1 ҳазорсоларо бурида, ҷангалзорҳоямонро хароб мекунанд.»

Дар 5 мавзеъи қисмати шимолии Тоҷикистон: Шаҳристон, Айнӣ (мавзеъҳои Сойи Вота ва Искандаркӯл) ва Ашту Панҷакент (мавзеъи «Зарафшон») арчаи маҳаллии Бозори арчаҳои солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд

Бозори арчаҳои солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд

зарафшонӣ (бурс) дар ҳудуди 80 ҳазор гектар аз қадим месабзад. Ба гуфтаи ҷангалбонҳо, ин арчаҳои то 1000 сола, арзиши як сарвати миллиро доранд ва парвариши арчазорҳои нав дар тӯли даҳсолаҳо ба даст меояд.

Масъулони хоҷагии ҷангали Суғд мегӯянд, ки аз ду даҳсолаи ахир то кунун сокинон аз бебарқиву беҳезумӣ ҷангалзорҳоро зиёд буридаву хароб мекунанд. Агар дар канори он ба буридану фурӯши он ҳам иҷоза дода шавад, дар даҳсолаҳои наздик бешазорҳои Тоҷикистон маҳв мегардад ва зистмуҳит зери хатар қарор мегирад.

Арчаро баҳор харед…

Арчаи ороишӣ дар Тоҷикистон намесабзад ва тухмии дарахтони сӯзанбарги санавбару арчаро аз Русия оварда, дар парваришгоҳҳо месабзонанд.

Ба гуфтаи Эшон Эшонов, аз масъулони хоҷагии мазкур, дар ноҳияҳои Зафаробод ва Конибодоми вилояти Суғд дар тақрибан 20 гектар ин навъҳои арчаро сабзонида, ниҳолони дусолаи онро баҳорон ба фурӯш мегузоранд. Хоҷагии ҷангал мегӯяд, имсол тақрибан 40 ҳазор бех ниҳоли арчаҳои ороишии кочи кабуд, санавбарро барои фурӯш ва кӯчат кардан дар майдонҳои наву канори кӯчаву хиёбонҳо омода кардааст.

«Беҳтар аст Наврӯзро гиромитар дорем…»

Тоҷикон ду ҷашни солинавӣ доранд: Соли нави мелодӣ ва ҷашни миллии Наврӯз. Рӯзи аввали соли нав дар тақвими тоҷикон бо ранги сурх чун «Ҷашни Солинавӣ» ва рӯзҳои 21 – 24 март «Ҷашни байнулмилалии «Наврӯз» сабт шудааст.

Таҷлили Соли нави милодӣ дар Хуҷанд

Таҷлили Соли нави милодӣ дар Хуҷанд

Соли гузашта парлумони Тоҷикистон бо тағйири қонуни ҷашнҳои кишвар, Наврӯзро мақоми байнулмилалӣ дод. Ва ин дар ҳолест, ки Наврӯз ҷашни милли солинавии тоҷикон, аз замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, ба хусус солҳои ахир дар сатҳи давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосае таҷлил мегардад ва шукуҳи ҷашни Соли нави милодиро камрангтар кардааст.

Мирзоолим, коршиносии маҳаллӣ мегӯяд: «Агар мақомот ба хотири ҳифзи ҷангалзорҳову ҳам арҷгузории бештар ба арзишҳои миллӣ буридани арчаро манъ карда бошанд, фикр мекунам, як амали хайр аст. 1-уми январ барои мо, тоҷикон як ҷашни солинавӣ аст. Дар баробари ин мо ҷашни бостонии солинавии худ «Наврӯз»-ро дорем. Акнун замоне, ки 20 сол аз истиқлолияти Тоҷикистон мегузарад, беҳтар аст бештар дар бораи гиромидошти ҷашни миллии ниёгони худ, Наврӯз андеша кунем.»

Арчаҳои cунъии солинавӣ ва шодмонии сокинон

Дар остонаи Соли нави милодӣ дар майдони марказии шаҳри Хуҷанд, назди ҳукумати вилоятӣ ва бозори Панҷшанбе арчаҳои асосии солинавиро ба таври хос, бо баландии ҳудуди 10 метр оростаанд

Аммо арчаи сунъӣ дар бозору бархе мағозаҳо дастрас аст.
Як бонуи суғдӣ, ки дар бозори Панҷшанбе як арчаи хурди бо чароғакҳои ранга ороишёфтаро мехарид, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аслан вай мехост шаби Соли Нав дар хонааш арчаи табиӣ бинад: «Ман ин арчаро бо хоҳиши кӯдаконам харидам. Онҳо бисёр мехоҳанд, ки онро худ бо бозичаҳои дурахшону конфетҳо оро диҳанд. Ва тӯҳфаи солинавии худро дар зери он пайдо кунанд.»

Ба гуфтаи яке аз тоҷирони бозори Панҷшанбе, ки ороишоти солинавӣ ба маърази фурӯш гузошта буд, арчаҳои сунъиро, ки аз 10 то 150 сомонӣ арзиш доранд, сокинон онҳоро бо майл харидорӣ мекунанд.

Зимнан, танҳо қисмате аз сокинони шаҳрнишини тоҷик арафаи Соли Нави милодӣ дар манзили худ арча меороянд. Аз замони ҷорӣ шудани истиқболи Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон барои сокинон, хусусан дар деҳот гузоштани арча дар манзилҳо маъмулӣ нашудааст. Аммо кӯдакон манзилҳоро бо шилшилаву ороишоти дурахшони солинавӣ оро медиҳанд ва калонсолон низ онро хуш қабул доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG