Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмонов: "Тоҷикон дар Русия диаспора надоранд"


Фирӯз Раҳмонов, пажӯҳишгари ҷавони тоҷик дар Русия

Фирӯз Раҳмонов, пажӯҳишгари ҷавони тоҷик дар Русия

Фирӯз Раҳмонов аз ҷавонтарин донишмандони тоҷик аст, ки дар 25-солагӣ дар Донишгоҳи миллии Русия рисолаи номзадии худро дар риштаи риёзиёт ҳимоя кард.

Фирӯз пас аз хатми мактаби 55-и шаҳри Душанбе соли соли 2002 ба Донишгоҳи ба номи Ломоносов дохил шуд ва соли 2007 донишгоҳро хатм кард.

Баъд аз таҳсил дар аспирантура, бо ҳимояи рисолаи номзадӣ роҳро дар майдони фарохи илм барои худ боз кард. Дар гуфтугӯе аз Фирӯз пурсидем, ки дохил шудан ба чунин донишгоҳ барояш душвор набуд?

Фирӯз Раҳмонов: "Барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳ дараҷаи баланди дониш даркор аст. Азбаски падари мо математик ҳастанд, аз хурдӣ машқ мекардем. Мо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҳам иштирок мекардем, баранда мешудем. Барои ҳамин душвор набуд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло, ки рисолаи илмии худро ҳимоя кардаед, агар Шуморо ба Тоҷикистон даъват кунанд, ба он ҷо меравед, то ба шогирдон дарс диҳед?

Фирӯз Раҳмонов: "Математика ду хел мешавад. Яке математикаи касбӣ ё профессионалӣ ва дигарӣ барои таълим додан. Ихтисоси ман дарс додан нест. Ман ҳамчун математик таҳқиқот мебарам, корҳои илмӣ мекунам. Ғайр аз ин, пул ҳам бояд кор кард. Ман дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Русия чанд мақолаи илмӣ навиштам. Дар оянда мехоҳам, ки ин мақолаҳоро аз номи Тоҷикистон чоп кунам.

Фирӯз ҳангоми ҳимояи рисолаи номзадӣ

Фирӯз ҳангоми ҳимояи рисолаи номзадӣ

Дар Пажӯҳишгоҳи математикаи Тоҷикистон падарам директор ҳастанд. Ҳоло, ки ҳимоя кардам ва номзад шудам, мехоҳам дар ҳамон пажӯҳишгоҳ сабти ном кунам ва мақолаҳои худро аз номи ҳамон пажӯҳишгоҳ чоп намоям. Илми математикаи Тоҷикистонро ба арсаи байнулмиллалӣ баровардан лозим аст. Ба ҷуз ин, ман панҷ сол аст дар биржа трейдер ҳастам ва бо хариду фурӯши коғазҳои қиматбаҳо ва аксия машғулам."

Радиои Озодӣ: Дар Русия ҷавонони зиёди тоҷик бо корҳои мухталиф машғуланд. Ба фикри Шумо онҳое, ки қонунҳоро намедонанд, айби худашон аст, ки ба мушкил гирифтор мешаванд ё системаи мавҷудаи Русия онҳоро ба ҳамин мушкил гирифтор кардааст?

Фирӯз Раҳмонов: "Албатта, як қисмаш айби худи тоҷикон аст. Вале дар Русия ҳам мушкилиҳо ҳаст. Ҳар кас бояд манфиати худро ҳифз кунад. Вақте ки одам қонуну қоидаро намедонад ва намедонад, ки кадом қонунро риоя мекунад ва кадомашро риоя намекунад, барои худ гап зада наметавонад, ин проблемаи худи онҳост. Агар тоҷикон худро дуруст нишон диҳанд, онҳо метавонанд мақом ё статуси худро боло баранд. Агар дар бораи диаспораи тоҷикон сӯҳбат кунем, гуфтан мумкин аст, ки диаспораи тоҷикон дар Русия тамоман вуҷуд надорад."

Радиои Озодӣ: Чаро?

Фирӯз Раҳмонов: "Наметавонам дар бораи ин чизҳо рӯирост гап занам. Агар ҷавобашро ҳам медонистам, намегуфтам, барои он ки ин проблемаи бисёр душвор аст."

Радиои Озодӣ: Ин душворӣ ба чӣ вобаста аст?

Фирӯз Раҳмонов: "Масалан, озарбойҷониҳо ё арманиҳо, диаспораи онҳо бақувват аст. Онҳо ба якдигар кӯмак мекунанд. Шиори онҳо ”Один за всех, все за одного”, вале аз тоҷикон бошад, “Один за всех, каждый за себя”. Ман бисёр дидаам, ки тоҷик тоҷики худро муҳофизат намекунад, ёрӣ намедиҳад. Баръакс, аз фаҳмидани он, ки вай тоҷик аст, истифода бурда ӯро паст мезанад. Ман ин чизҳоро дида, бисёр дилгир шудаам. Ман ҳам вақте ки кор ҷустуҷӯ мекардам, бо ин проблемаҳо дучор шудаам. Ҳастанд... Масалан, баъзе сиёсатмадорони Русия мисли Жириновский лозунги худро доранд. Масалан, вай “за русских” мегӯяду лекин дастро ҳамчун Гитлер бардошта меистад. Инро ба русӣ “разиграть националистическую карту" мегӯянд. Онҳо ба ҳамин восита ба одамоне, ки савод надоранд ё кӯрсавод ҳастанд, барои баланд бардоштани рейтинги худ чунин ҳарфҳоро мезананд. Барои ҳамин, одамоне мисли миллатгароҳо, ки одамони моро зада мегарданд, ягон фалсафа надоранд."


Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки дар паси ҳамин сартарошидаҳо нерӯҳое ҳастанд, ки дар баъзе аз сохторҳои Русия менишинанд?

Фирӯз Раҳмонов: "Албатта, ин ҳаст. Ягон чиз бе кӯмак ва ҳимоят намешавад. Ин чизҳоро маблағгузорӣ мекунанд. Агар рӯирост гап занем, барои одамоне, ки дар Русия мақомҳои баланд доранд, ин кор фоида меорад. Албатта, на ҳама мақомдорони Русияро дар назар дорам. Яъне, мақоми поини тоҷик пули бисёр меорад. Чаро? Барои он ки агар статуси одам паст бошад, барои вай табобат даркор нест, хадамоти ҳуқуқӣ даркор нест. Ба вай тангаҳоро медиҳӣ, ки фақат шикамаш сер бошад. Дар он сурат вай ҳамаи коратро карда медиҳад. “Гуноҳ”-и дигари тоҷикон ин аст, ки онҳо ягон такягоҳ надоранд. Вақте ки ягон гап пайдо мешавад ва ё ягон ултиматумро пеш мегузоранд, он ултиматумро касе гӯш намекунад, барои он ки дар арсаи сиёсат вазн нест. Аввал бояд иқтисодиётро бардошт ва сатҳи зиндагии одамонро боло бурд. Одамро аввал бояд бо либосу хӯрок таъмин кард. Вақте ки ӯ дар хонаи гарм зиндагӣ мекунад ва хӯрок дорад, вай дар бораи боло бурдани савияи фаҳмишу дониши худ фикр мекунад. Ба одами гушнаву ташна ҳар қадр, ки дар бораи илму дониш бигӯӣ, вай ин чизҳоро намефаҳмад. Агар рӯирост гӯем, дар Тоҷикистон мардум аз масъалаи илм дур ҳастанд."

Фирӯз Раҳмонов

Фирӯз Раҳмонов

Радиои Озодӣ: Бубинед, Шумо дар синни 25 солагӣ як донишманди ҷавон ҳастед, вале дар ин синну сол одамоне ҳастанд, ки ҳоло роҳи зиндагии худро пайдо накардаанд ва фақат кӯшиш мекунанд, ки ба Русия раванд ва дар он ҷо барои зиндагиашон пуле пайдо кунанд. Шумо ба ин гуна ҷавонон чӣ мегӯед?

Фирӯз Раҳмонов: "Ман дар хонаводае бузург шудам, ки пули бисёр надоштем. Падарам олим буд, ду танга маош мегирифту бо ҳамон ду танга зиндагиро гузаронидем. Вақте ки ба Маскав омадам, 80-90 дарсади пули хонавода ба ман меомад. Албатта, дар курсҳои якум ва дуввум. Баъд фаҳмидам, ки шароит дар хонаамон вазнин. Додарам мегуфт, ки “Фирӯз, мо пуле, ки ба ту мефиристем, дар хона баъзе вақт фақат нон ҳасту чой ҳаст, тамом. Ягон чизи дигар нест”. Барои ҳамин, ман аз соли дувум ва севвуми хондан дар фикри кор будам. Дар соли чаҳорум ман алакай ҳам мехондам, ҳам кор мекардам ва ҳам кӯшиш мекардам, ки падарам ба ман пул нафиристанд. Баъд бародари дуввум ва севвум ҳам дар Маскав ба донишгоҳ дохил шуданд ва таъмини онҳо ҳам пурра бар дӯши ман буд. Барои ҳамин, аз ҳар гуна шароит роҳи баромадан ҳаст. Одаме, ки мегӯяд, ман шароит надорам, барои ҳамин ман намехонам, ҳамааш баҳона аст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG