Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуфи нахуствазири Туркия аз куштори 35 курд


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия имрӯз аз куштори 35 нафар курдтаборони кишвараш дар як ҳамлаи ҳавоӣ изҳори таассуф кард. Вай гуфт, бовар доштаанд, ки онҳо на шӯришиёни ҷудоихоҳ, балки қочоқчиён будаанд. Эрдуғон зимни суханони худ ба рӯзноманигорон дар Истамбул ба аъзои хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард ва ин ҳодисаро “таассуфбору ғамангез” арзёбӣ намуд. Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар Улундуре дар ҷануби шарқи Туркия дар маросими ҷанозаи ин 35 нафар ҳазорон нафар гирдиҳам омаданд. Мақомоти расмӣ баъдтар эътироф карданд, ки ин куштор иштибоҳан сурат гирифтааст. Куштор замоне рух дод, ки низомиёни Туркия иштибоҳан гуфтанд, ки онҳо қочоқчиёнро пайдо кардаанд ва онҳо аз Ҳизби Коргари Курдистон ё Пи Кей Кей мебошанд. Фаъолони курд имрӯз баргузории тазоҳуроти эътирозиеро дар робита бо ин куштор ба нақша гирифтаанд. Куштори 35 нафар 29 декабр рух дод.
XS
SM
MD
LG